ДЕВ ДАРАХТ

– Аз подшоҳӣ дигар чӣ суд, меҳмон?! – бо аломати афсўс ду даст ба ду тараф кушода нидо кард подшоҳ. – Бахт аз ману мардуми ман рў гардондааст.
– Чаро мардуми шаҳр сиёҳпўшанд? Чаро ҳама мотамзада менамоянд? – боз суол кард Ҳакимшоҳ.
Подшоҳ гуфт:
– Дар ин кишвар ба ҳар хонадон дасти аҷал панҷа задааст, – ҷавоб дод подшоҳ ва худро аз гиря базўр нигаҳ дошт. – Ҳар кас дўсту бародар, ё писару падари худро аз даст додааст, меҳмон.
– Ба хоки кишвари шумо магар душман даромад? Ё Худо накарда, вабо ё офати дигар расид? – пурсид мусофир.
– Он чӣ расид, – ҷавоб дод подшоҳ, – аз вабо бадтар аст. Вабо дар муқобили ин мусибат чизе нест.
– Чӣ мусибат омад? Ғаму алами аз куҷо расид?
Подшоҳ, гўё мунтазири ҳамин савол буд, ки оҳи бадард кашиду воқеаро баён кард.
– Эй бародар! – гуфт ў. – Инак, аҳволи худу мардуми худро бароят маълум мекунам. Кайҳост, ки мо дари орзую умедро ба рўи худ бастаем.
Яъне сӣ сол пеш як вазири донои ман ба шикор баромаду дигар барнагашт. Баъди чанд рўз хавотир шуда, писари ў ба ҷустуҷўи падар рафт.
Бадбахтона ў низ наомад. Пас аз як муддат донишмандони дарбору шаҳрро як-як ба ҷустуҷуи онҳо фиристодам. Вале онҳо на гумшудагонро оварданд ва на худ баргаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё