ДЕВ ДАРАХТ

Ба куҷоҳое рафтааст ў! Дар Африқо ҳам буду дар Аврупо ҳам, аз кўҳҳои азиму дарёҳои пурталотум ҳам гузаштаасту дар баҳру уқёнуси нопайдоканор ҳам шино кардааст. Вай гиреҳи даҳҳо муамморо кушода, мушкили садҳо бечораро ҳал кардааст, вале дар баробари ин масъала оҷиз монд ва саҳарии рўзи чорум боз ба ҳузури подшоҳ омад.
Подшоҳ аз ҷабини пурчину абрўвони гиреҳзада ва нигоҳи маҳзуни ў дарёфт, ки гиреҳи муамморо накушодаст. Бо вуҷуди ин пурсид:
– Меҳмони азиз, моро ба чӣ ҷавоб шод мегардонӣ?
– Ман ба чизе сарфаҳм нарафтам, – гуфт Ҳакимшоҳ, – лекин дар қатори садҳо ҷавонмарди бедаракгаштаат ман ҳам ба ҷустуҷў хоҳам рафт.
Агар ба кўйи ҳақиқат расида пирўз баргардам, аз барои Худост, агар аз ин роҳ зинда барнагардам, ҷои афсўс нест!
Подшоҳ хурсанд шуд.
– Ман ба ихтиёри ту сиёҳмушкини ҷавмасти худамро вомегузорам, – гуфт ў. – Мо шабу рўз дуогўйи туем ва чашм дар роҳат чор карда мешинем. Бирав, Худо ёрат бод!
Подшоҳ ҳарчӣ фармуд барои Ҳакимшоҳ муҳайё карданд. Ба ў аспи ҷавмасти подшоҳ, тўшаи роҳ, симу зар, шамшеру камону ҷавшан доданд. Ҳакимшоҳ рў ба ҳамон ҷониб овард, ки як замон вазирони накўкор, донишмандони фарзона ва ҷавонмарди асили мамлакат рафта буданд ва сиёҳмушкинро пеш ронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё