Зеҳн
ДЕВ ДАРАХТ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Қариби чошгоҳи рўзи сеюм ба канори боғи Девдарахт расид…

Дуруст, ки Ҳакимшоҳ аз хоби дидааш натарсид. Вай марди роҳ буд, на аз гармо ҳарос дошт, на аз сармо, на дури роҳ ўро метарсонад, на фалокату фоҷиаҳои он. Чӣ ҳодисаю воқеъа ба сараш омадаанд! Боре дар дашти Ҳабашистон дар ҳалқаи галаи шерон монд, аммо зинда баромад. Бори дигар, вақте аз дарёи Нил гузар мекард, миёни чанд наҳанг қарор гирифт. Боз ҳам раҳо ёфт! Дар Баҳри Миёназамин ўро роҳзанҳо асир гирифтанд ва илоҷи зинда мондан набуд. Бо вуҷуди ин фирор кард! Ва, ана, боз як саргузашт!
Ҳакимшоҳ ҳаргиз фикр намекард, ки рўзе бо деву ҷодугар сар ба сар хоҳад шуд…
Вай аз ҷо бархест ва ба атроф назар афканд.
Дар ҳақиқат табаре пеши пойҳояш буд, яъне ба ҳаққонӣ будани хобаш шубҳае намонд. Хам шуд, ки табарро ба даст бигирад. Нохост дар кафи худ коғазаке низ дид. «О, инро кампири ҷодугар додку!» – аз дил гузаронд вай ва қатҳои онро кушод…
«Эй, баргаштабахт! – навишта шуда буд дар коғазак. – Ту имрўз ба боғи ман даромадӣ ва аз оби зулоли чашма нўшидӣ ва меваҳои шаҳдбори боғро нўши ҷон кардӣ. Акнун ту асири манӣ ва дигар берун нахоҳӣ рафт. Ҳар гоҳ мехоҳӣ берун равӣ ва чун ба канори боғ мерасӣ, дар пеши рўят девори баланд барафрохта хоҳад шуд. Туро фақат як чора ҳаст: соҳиби ин боғ, Девдарахти оташнафасро нобуд карда зинда мемонӣ, дар акси ҳол мағлуб шуда, ба сурати дарахт медароӣ ва то ба абад ин ҷо мемонӣ.

пешина
аз 19
навбатӣ