ДЕВ ДАРАХТ

– Худо гувоҳ аст, ман марди роҳам, дар роҳи ҳақ қадам мезанам, бандаи илму донишам ва кушодани ҳар гуна муаммо ва ҳалли ҳар гуна масъаларо дўст медорам.
Аз ин арзи ҳолу шунидани ҳунари мусофир чеҳраи посбонон якбора мунаввар гашт.
– Эй марди нек! – гуфтанд онҳо. – Мо дар ҳақиқат мўҳтоҷи ёрии донишмандонем. Худо туро аз куҷо фиристод?! Сӣ сол шуд, ки аз фиғону фарёди мо ҳафт гунбади фалак пурсадост.
– Шумо чӣ алам доред? Ғами шумо чист? – пурсид мусофир.
– Ба ин суол бигзор худи подшоҳ ҷавоб диҳад,
– гуфтанд посбонҳо. – Чунки подшоҳ ҳама чизро аз мо хубтар медонад. Агар иҷозат фармояд, туро
ба дарбор хоҳем бурд, вагарна кишвари дигару макони дигар интихоб хоҳӣ кард...
Мусофир розӣ шуд. Посбонҳо миёни худ чӣ маслиҳат оростанд ва яке ба дарбор рафт ва ба зудӣ хурсанду қаноатманд баргашт.
– Олампаноҳ рухсат доданд! – хабар овард ў.
– Бархез, мусофир, туро ба ҳузури муборак хоҳам бурд!
Ҳакимшоҳ ҳамроҳи посбон ҷониби қаср роҳ пеш гирифт. Шаҳр хомўшу андўҳгин буд, аз фазои тирагун садои мотам мерасид. Мардум камсухану нотавон, заифу наҳиф буданд. Аз ягон ҷо суруду созу наво ба гўш намерасад, ҳатто кўдакон ҳаросону хавотирзада ва хандаю бозиро фаромўш карда буданд. Зиёда аз ин дар шаҳр танҳо занону духтарону пирон ба назар мерасиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё