ДЕВ ДАРАХТ

Вале Ҳакимшоҳ аз ҷумлаи мардоне набуд, ки ҳаросад. Вай табарро дубора болои сар бурду бо тамоми қувва ба дарахт зад. Дарахт такони сахт хўрд ва агарчӣ захм чуқур набуд, каҷ шуд. Чун зарбаи сеюм зада шуд, гумбуррос заду афтид…
Як пагоҳ хабари ба шаҳр наздик омадани бедаракшудагон мардумро ба по хезонд. Агарчӣ ақлҳо бовар намекарданд, яъне воқеа хоби ширинеро мемонд ё шўхии ширинкореро ба хотир меовард, ки дурўғу ҳазл буданаш ба зудӣ ошкор хоҳад шуд, ҳама ба беруни шаҳр шитофтанд. Ба зудӣ дар болои теппаи канори шаҳр суроби ҳазорҳазор одам намудор шуд. Пешопеши онҳо марде савори сиёҳмушкин меомад.
Дигар ҷойи шубҳа намонд: мардум ба хобу шўхӣ будани хушхабар дигар шубҳа накарданд.
Бале, Ҳакимшоҳ меояд! Донишманди мусофир меояд! Вай бародару падару писару бобо ва дигар ҷигарбандони онҳоро меорад! Шодию тантанаи мардумро ҳадду канор набуд.
Бигзор дар ҳар шаҳри олам ин гуна хурсандӣ рўй диҳад!..
Бигзор ҳар кўчаи ҳар шаҳр аз садои хандаю созу суруд пур бошад!..
Одамон Ҳакимшоҳро аз асп пиёда карда, рўйи даст бардошта, ба дарбори подшоҳ равон шуданд. Дар ҳама ҷо бобою набера, падару писар, модару фарзанд, хоҳару бародар, арўсу домод, зану шавҳар якдигарро ба оғўш гирифта, муборакбод мегуфтанд ва ашки шодӣ мерехтанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё