ДЕВ ДАРАХТ

Чӣ хел шиносад? Дев аз дарахтони дигар чӣ тафовут дошта метавонад?
Аслан, дев чандон содаю гўлу гумроҳ нест, ки худро баднамуд ё зеботар аз дигар дарахтон вонамуд кунад, то шинохтанаш осонтар гардад.
Вай мисли ҳар дарахти дигари боғ аст. Метавонад хушгул бошад, бемева гардад ё шохаҳояш аз гаронии бор ба замин хам зананд, метавонад дар канори боғ қомат афрозад, дар дили боғ ҷо гирад, туту гелос, зардолую банан, анору бодом намояд… Бо вуҷуди ин бояд як ё чанд нишонае дошта бошад. Ҳакимшоҳ ба ёд овард, ки подшоҳ дар мактубаш таъкид кардааст: «Ин кори душвор нест, вале осон ҳам нест. Танҳо одами зирак Девдарахтро шинохта метавонад. Агар ту дар ҳақиқат оқилу доноӣ…» Пас нишонае дорад Девдарахт! Аммо чист он?
Боз соате гузашт. Ҳакимшоҳ бори чандум сар боло карду ба осмон нигарист. Офтоб ба ғурубгоҳаш хеле наздик омада буд. Дар ҳамин сар боло карда ба боло нигаристан ногаҳ чашмони Ҳакимшоҳ барқ заданд: вай девдарахтро шинохт!
Бехато шинохт! Ҳакимшоҳ дар назди Девдарахт қарор гирифтааст!
– Ана, ту эй палид! – дод зад вай хушҳол шуда ва дигар фурсатро аз даст надода, бар танаи ин дарахти наҳс табар зад.
Чун теғи табар ба дарахт расид, ногоҳ замин ларзид ва садое басо даҳшатангез фазоро низ ба ларза овард. Мурғакон аз шохсорон париданд, атроф пур аз чанг шуду пеши офтобро гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё