Зеҳн
ДЕВ ДАРАХТ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Кампири ҷодугар аз ҳалқи худ ду-се садои гўшхароши «Қаррр! Қаррр!» баровард ва таъкид кард, ки Ҳакимшоҳ фақат то ғуруби офтоб фурсат дорад, пас худ низ ба сурати зоғ даромаду париду рафт…

Ҳакимшоҳ аз хоб бедор шуд ва ба осмон нигоҳ бурд. Офтоб аз ғурубгоҳаш чанд қади найза боло буд.
Нахустин фикр, ки ба сари Ҳакимшоҳаш омад, ин буд: «Кадоме Девдарахт аст?» Вай табарро ба даст гирифту бархест ва ба боғ даромад. Хуб медонист, ки бояд хато накунад, ба як бор Девдарахтро шиносад.
Аммо ин кори осон набуд. Аввал ба дарахте наздик омад, ки танаи басе ғафс дошт. Вале танаи чанд дарахти дигар низ чунин ба назар мерасиданд. Пас ба дарунтари боғ рафт ва як дарахти паҳнбарг диду бозистод. Лекин дар боғ дарахти паҳнбарг кам набуд. Ҳатто як бор чашмаш ба дарахти бемевае афтид. Хурсанд шуд, аммо чанд қадам дуртар маҷнунбеду сафедор ва ду чанори азим қомат афрохта буданд.
– Кадоме Девдарахт аст? – гаштаву баргашта мепурсид аз худ Ҳакимшоҳ ва парешонҳол ба осмон нигоҳ мебурд.
Офтоб аз ғаму ташвиши ў бехабару бепарво поён мешуд.
Як соат гузашт. Дуруст, ки дар ин миён Ҳакимшоҳ даступо нахўрд, вале Девдарахтро шинохта ҳам натавонист.

пешина
аз 19
навбатӣ