Зеҳн
ДЕВ ДАРАХТ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Фақат бегоҳи ҳамон рўз одамон ба худ омаданд. Он гоҳ чанд пири солхўрда Ҳакимшоҳро ҳалқа гирифта пурсиданд:
– Бигў, марди Худо, ёру ақрабои моро чӣ хел пайдо кардӣ?
Ҳакимшоҳ буду шуди ҳодисаро нақл кард.
– Подшоҳи мо ёри Девдарахт буд? – ҳангу манг шуданд одамон ва дарҳол ба тарафи дарбор равон шуданд.
Онҳо подшоҳро аз тахт сарнагун ва аз тоҷ маҳрум кардан мехостанд.
– Подшоҳи шумо дар дарбор нест, – ҷавоб дод Ҳакимшоҳ. – Вай барвақт фирор кард!
Одамон сахт афсўс хўрданд. Вале Ҳакимшоҳ гуфт:
– Аз оҳу афсўс фойида нест, бародарон.
Беҳтар аст ҳушёр боше два минбаъд ба доми подшоҳон наафтед.
– Ҳакимшоҳ, акнун подшоҳи мо ту мешавӣ! – ногоҳ аз ҳар тараф овоз баланд карданд одамон. – Барои мо аз ту марди азизтару шарифтар нест.
Аммо Ҳакимшоҳ гуфт:
– Ман марди роҳам… Аслан шоҳ будани ман шарт нест, шарт ин аст, ки шумо дигар дар ғафлат намонед, ҳушёр бошед, вагарна ҳар гуна подшоҳ ҳам золиму бедодгар хоҳад шуд. Дилатон хушу рўзгоратон обод бод!

пешина
аз 19
навбатӣ