АХТАРОНИ АДАБ

– Ҳоким гуфтааст, ки агар Восеъ таслим шавад, гуноҳашро мебахшанд, – оё ҳамин гап рост бошад?
– Модом, ки шунида бошӣ, албатта рост аст.
– Ман намепурсам, ки аз ҳоким ин амр содир шуд ё нашуд; ман мепурсам – қавли ӯ рост аст ё дурӯғ? Восеъ агар таслим шавад, оё дар ҳақиқат гуноҳаш маоф мешавад?
– Исто, ки мулло, чаро ту ин қадар ғами он ёғии сарбадорро мехӯрӣ? Вай ба ту кӣ мешавад?
– Ҳеҷ кӣ. Ҳамту ошно.
– Ошно?
– Оре, ошно. Дӯст. Аз ин ҳам гузашта, вай инсон аст, инсон... Ба ростӣ, худам ҳам намедонам, ки чаро ман вайро дӯст медорам, чаро мустаманди ғами вай ҳастам. Аз афти кор, ин дӯстдорӣ ба тариқаи ақл не, ба тариқаи дил аст. Восеъ як марди деҳотии ҷувозкаш аст, одами омӣ аст, аммо ман ҳеҷ як омиро ин тавр хушманду оқил, ин тавр далеру нотарс, ин тавр покдил ва бодиёнат надидаам.
Кошкӣ ҳамаи бандагони Худо монанди ӯ мебуданд. Агар шумо, домулло, боре ба Восеъ мусоҳиб мешудед, ӯро ҳаргиз малъун, ёғии сарбадор намегуфтед, балки дӯсташ медоштед; медидед, ки вай алҳақ шоистаи ҳурмат аст.
«Э аблаҳ! – дар дилаш ба Муллосафар хитоб кард мударрис. – Аҷаб шоистаи ҳурматро ёфтаӣ! Аз афти кор, он аҳримани одамсират туро ҷоду кардааст! Аммо ман ин аҳриманро беҷо дар пеши ту бад кардам. Ақидаи туро дар бораи Восеъ рад кардан лозим нест: ба ҳамин восита туро ба ошкор кардани ҷойи пинҳоншудаи Восеъ маҷбур намудан мумкин».
– Суханат аз ҳақиқат холӣ нест, мулло. Ман «ёғии сарбадор»–ро дар амад гап гуфтам, вагарна ман ҳам дар якум бор Восеъро диданам ба шуҷоаташ, ақлаш, гуфтораш тан дода будам: дар тӯйи писари Оллоёр–оқсақоли марҳум вай аспи ҳеҷ кас ром карда натавонистагиро ром кард, баъд аз он ба ҷаноби ҳоким суханҳое гуфт, ки он суханҳоро фақат одами шердил ва оқил гуфта метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор