Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

зеро ба вай нусхабардории «Ахлоқи Ҷалолӣ»–ро фармуданӣ буд:
– Биё, додар, «биё, биё ки дилу ҷони ман фидои ту бод». Хӯш, дайду, дар куҷоҳо дайдугӣ карда гаштаӣ? – ҳазли дӯстона кард мударрис. – Чаро хафа менамоӣ, димоғат аз чӣ сӯхт?
– Димоғ чӣ, ҷигарам месӯзад, домулло, мағзи устухонам месӯзад, – бо лабханди дардмандона гуфт Муллосафар.
Ҳоҷидомулло меҳмонашро ба пешгаҳ гузаронд ва худаш ҳам нишаст.
– Хӯш, мағзи устухонат ба кадом оташ месӯзад?
– Ба ҳамон оташе, ки имрӯз ба ин мулк афтодааст.
– Ҳа–а, шӯриш, исён!
– Ана дар ҳамин бора ман ба шумо гап заданӣ омадам.
– Муллосафар Ҳоҷидомуллоро дар Бухоро «ту» мегуфта бошад ҳам, акнун мударриси калони мадрасаи шаҳр ва надими хоси мирро ба «ту» гуфтан забонаш намегашт.
– Ха–а–йр, – ришашро гирифта ба шеваи Бухоро изҳори мароқ кард мударрис.
– Ман Восеъро дидам, домулло.
– Восеъ? Ха–а–йр? – боз бештар мароқ кард ҳоҷӣ. – Аз афти кор, вай ошнои ту–ку? Дар куҷо будааст он малъун?
– Инашро напурсед. Вай дар ҷое пинҳон шудааст, ки сарбозон чил сол кобанд ҳам ёфта наметавонанд.
Мударрис чашмонашро айёрона нимпӯш карда бо садои паст гуфт:
– Наход, ки аз ман ҳам руст кунӣ? Ман–ку, худат медонӣ аз мунофиқон нестам.
– Напурсед.
«Ҳозир нагӯӣ, баъд мегӯйӣ. Ман ҳар навъ карда ин сирро аз дили ту мекашам» – ба дилаш гузаронд надими мир.
– Хӯш, ту бо ман дар чӣ бора гап заданӣ будӣ?

пешина
аз 471
навбатӣ