АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ СИЮ СЕЮМ
Муллосафар баъд аз хондани намози бомдод як коса шири мизбонашро бо нимто нони дегӣ хӯрду аспро савор шуда ба роҳ афтод.
Вай ба Балҷувон равон шуд.
Ҳарчанд ба ӯ суханони Восеъ дар бораи беэътибории қавли ҳоким ба мулло асоснок ва маъқул намуда бошад ҳам, боз шубҳаи мулло, дудилагии ӯ барҳам нахӯрда буд.
«Охир, бек дар сурати таслим шудани Восеъ бахшидани гуноҳи ӯро на як бору ду бор эълон кард, гаштаю баргашта мегуфт ба худ Муллосафар. – Аз номи амир ва қушбегии ҳокими Ҳисор эълон кард. Тамоми халқ медонад.
Наход, ки ин фиреб бошад?»
Мулло дар Ховалинг як шаб хобида, рӯзи дигар ба Балҷувон расид. Дар он ҷо ӯ рост ба ҳавлии Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис рафт. Муллосафар бо вай собиқаи дӯстӣ дошт:
як вақтҳо дуяшон дар мадрасаи Ғарибияи Бухоро шарикдарс ва ҳамсояҳуҷра буданд. Ба ҷиҳати ҳамватанӣ бо ҳам қаробат ва улфатӣ ҳам доштанд. Мулло Яъқуб дар ду соли охирини таҳсилаш дар ҳуҷраи худ ба сифати «домуллои кунҷакӣ» ба муллобачаҳои ҷавонтари талабгор дарсгӯӣ ҳам мекард. Муллосафар бошад, ғайр аз дарсхонӣ машғули китобат буд. Мулло Яъқуб ин ҳамватани худро аз барои ҳунарҳояш – хушхатӣ, шоирӣ, луғатдонӣ, наққошиаш ҳурмат мекард. Гоҳо ба вай якто нимто нусхаҳоро китобат кунонда мегирифт, аммо ба ин кори вай ҳақ намедод. Муллосафар ҳам ба хотири дӯстӣ ва ҳамватанӣ аз вай ҳақ талаб намекард.
Ҳоҷӣ Яъқуб ӯро дар меҳмонхонаи худ монанди ҳарвақта (Муллосафар пеш аз ин ҳам ду бор ба зиёрати ошнои деринаш омада буд) хушу хуррам пазироӣ намуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор