АХТАРОНИ АДАБ

Бори дуюм ман ӯро, баъди шӯриш бардоштанаш, дар Тути буни Ҳайдар дидам, дар ин ҷо ҳам вай, фӣ–нафс–ул– амир, мардона рафтор кард. Кошкӣ саркардаҳои ҷаноби олӣ аз ҳамин тоифа ашхос мебуданд, он вақт лашкари ҷаноби олӣ ҳақиқатан ҷаррори сафдар мебуд. Восеъ шоистаи хизмати султонӣ аст... албатта, ба шарте, ки аз кирдораш пушаймон шавад ва тавба кунад. Хушбахтиро, ин маънӣ ба хотири ҷаноби олӣ ҳам, ба хотири ҷаноби мир ва Остонақул–қушбегӣ ҳам футур кардагӣ барин менамояд, вагарна мири мо аз номи ҷаноби олӣ ва қушбегӣ ва ҳам аз номи худашон ба Восеъ афви гуноҳ ва додани амалу мансабро ваъда намекарданд. Ба маълумоти ту арз кунам, ки мулло, дар вақти содир шудани ин амр ман шахсан, дар қалъа ба ҳузури ҷаноби мир ҳозир будам, худи ман гувоҳам, ки мир ин қавлу ваъдаро аз сидқи дил доданд.
– Аз сидқи дил?
– Оре. Гуфтам–ку, худам гувоҳ! Ё ту гувоҳии маро қабул намекунӣ?
– Гувоҳии мисли шумо одами муътабарро, албатта, қабул накардан мумкин нест, аммо... агар Восеъ таслим нашавад чӣ?
– Ҳа, воқеан, дар ҳузури бек ба ин нуқта ҳам мулоҳиза карда шуд, – ҳозирҷавобӣ кард мударрис. – Ҷаноби олӣ дар муборакномаи ба Остонақул–қушбегӣ фиристодаа-
1 шон фармуданд ки: эҳтимол тарс ва ҳазми табиӣ Восеъро аз таслим шудан боздорад, бинобар ин, вай агарчи бо ҳилаву тадбир, бо зӯрӣ дастгир карда шавад ҳам, мо ӯро
2 уқубат намекунем, балки хизмат мефармоем, тарбия мекунем.
1 .Ҳазм – ин ба маънои эҳтиёт, мулоҳизакорӣ.
2 . «Тарбия кардан» дар забони тоҷикии пеш аз инқилоб ба маънои парвариш ва ҳимоят кардан ҳам омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор