Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Марди солхӯрда Юнус арбоби деҳа буда, пинҳонӣ ба Восеъ ёрӣ медод. Вай аз бими ҷосусони бек меҳмонони худро ҳамон шаб аз деҳа берун бурда, дар яке аз обпар– шаршараҳо ба паси «парда»–и оби резон ҷой кард.
Онҳо чанд рӯзе дар он ҷо паноҳ шуда истоданд. Ҷойи пинҳоншудаи онҳоро фақат Юнус ва писари чордаҳсолаи ӯ медонистанду халос. Гоҳ падар ва гоҳ писар ба онҳо рустӣ хӯрок мекашонданд. Ёрон шабҳо аз манзили пасиобии худ баромада дар гирду пеш гардиш мекарданд ва боз ба пушти пардаи об даромада менишастанд ё мехобиданд.
Ба замини тари он макони ғормонанд коҳу хошок ва намад партофта шуда буд.
Ду рӯзи аввал аз Давлат Айюб ва шарикони ӯ ҳеҷ дараке нашуд ва хабаре наёмад. Ба гумони Восеъ, онҳо ё дастгир шуда, ё ки дар пайи иҷрои супориши сардори худ ба ҷоҳои дурдаст рафта дер монда буданд.
Бегоҳии рӯзи сеюм Юнус ҳозир шуда, дар суроғаи Восеъ ба хонаи вай омадани Муллосафар ном мардеро хабар дод.
– Аз Сарихосор омадааст, ошнои ту будааст, – гуфт ӯ. – Туро дидан мехоҳад. Ман ба ӯ гуфтам, ки Восеъро надидам ва дар куҷо буданашро намедонам. Аммо ӯ ба гапам бовар накард, «ба ман маълум аст, ки ту дар куҷо будани Восеъро медонӣ, – мегӯяд, бирав, ба вай омадани маро хабар бидеҳ, номи маро бигӯ, ӯ, албатта, маро ба пешаш ҷеғ мезанад» мегӯяд.
Восеъ ҳайрон шуд: Муллосафар дар ин ҷо будани ӯро аз куҷо дониста бошад?
Восеъ дӯсти муллояшро дар ин шаби торик дар ҷоҳои бероҳа овора кардан нахоста, худаш ба назди ӯ рафтанӣ шуд. Қариби нисфи шаб вай бо ҳамроҳии Юнус дар хонаи ӯ ҳозир гардид. Дар оташдони кунҷаки меҳмонхонаи хурдтараки Юнус алов дар мегирифт ва дар офтобаи чӯянӣ об меҷӯшид. Восеъ ва Муллосафар дар рӯшноии алов бо ҳам мулоқот карданд.

пешина
аз 471
навбатӣ