АХТАРОНИ АДАБ

Беки дар хавотир монда боз як даста сарбози мондаашро ҳам ба кофтукови Восеъ баровард. Боз эълон кард, ки агар Восеъ омада таслим шавад, аз гуноҳи ӯ мегузаранд, зеро «ин хел баҳодур ва қаҳрамонро ҷазо додан беақлӣ ва бетадбириӣ мешавад, балки ӯро, агар худаш хоҳад, амалу мансаб дода, ба хизмати султонӣ гирифта, сипоҳу лашкарро ба таҳти фармонаш хоҳанд супурд» – бек ба одамони махсуси худ фармуд, ки ҳамин гапро аз номи вай дар байни аҳолии қишлоқҳо паҳн кунанд.
Восеъ дар Гулдара дар деҳаи Сари обпар ба Юнус ном дӯсти содиқи худаш паноҳ бурда буд. Вай аз барор нагирифтани ҳуҷуми ба зиндони Балҷувон кардааш як дараҷа дилшикаста шуда бошад ҳам, худро набохт, боварӣ дошт, ки боз тарафдорони парокандаи худро гирд оварда, дар пайи халосии ёрони асир афтодааш коре карда метавонад.
Остонақул аз номи амир ҳатман ба зинда дастгир кардани Восеъ фармон дода буд. Инчунин ба бек амр карда буд, ки ӯ то дастгир шудани Восеъ ёрони вай – сардорони шӯришро дар зиндони Балҷувон нигоҳ дошта, баъди дастгир шудани Восеъ ҳамаашонро якҷоя ба Ҳисор – ба ихтиёри Остонақул фиристонад. Восеъ аз ин фармон хабар дошт, бинобар ин ба худ аҳд карда буд, ки то аз дасташ омадан барои халосии ёронаш ҳаракат намояд.
Вай пеш аз расидан ба Сари Обпар аз ҳамроҳонаш Давлат Айюб ва се нафари дигарро ба гирду атроф ба суроғи шӯришгарони парокандашуда фиристод ва фармуд, ки онҳо боз аз байни он халқ ихтиёриён – фидоиёнро ҷамъ кунад. Бо худ танҳо Ҳалим ва Зоҳирро гирифта монд.
Ин се нафар ба Сари Обпар шабона расида, ба ҳавлии Юнус фуромаданд. Онҳо аспҳошонро ба дигар шарикони худ дода, пиёда омада буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор