АХТАРОНИ АДАБ

– Хароб шудаӣ, сиёҳ шудаӣ, абгор шудаӣ, Восеъ! – Мулло гирист. Гиряи ӯро дида ба чашмони Юнус ҳам об омад. Дили Восеъ ҳам вайрон шуд, аммо ӯ худдорӣ кард.
Маълум буд, ки Муллосафар ба мусибатҳои ба сари халқаш ва ёру диёраш омада, ба ҳоли Восеъ ба гирифтории Назир мегиряд.
– Ту маро маъзур дор, – ба соҳиби хона муроҷиат кард мулло, – агар бемалол бошад, моро як дам танҳо гузор.
– Хуб, домулло, бемалол, – гуфта Юнус берун баромад.
Дӯстон ба рӯйи намади куҳна нишастанд.
– Шумо дар ин ҷо будани маро аз куҷо донистед? – пурсид Восеъ.
Муллосафар яке аз ёрони сарихосории Восеъро ном гирифт, ки се рӯз пеш бо супориши Восеъ ба суроғи шӯришгарони гуреза ба ватанаш рафта буд. Ӯ дар худи ҳамон рӯзи ба Сарихосор расиданаш ба Муллосафар вохӯрда, дар ҷавоби пурсукови исроркоронаи мулло ҷойи пинҳоншудаи Восеъро ба вай гуфта, паноҳдиҳандаи ӯ Юнусро ҳам номбар карда будааст. Баъд Муллосафар фавран баромада ба ин сӯ равон шуд, зеро аз тақдир ва ҳаёти шахсии Восеъ сахт дар хавотир монда буд, мехост бо ӯ дар бораи халосии ҷонаш гап занад. Фоҷиаи халқи мағлубшуда муллоро ба даҳшат оварда буд, ӯ вақте ки ба дидани Восеъ равон шуд, аз вай дар ғазаб буд, як олам таънаю маломатро ба сари сардори шӯриш рехтанӣ буд, ки чаро ӯ дар аввали кор – дар Сурсақова ба маслиҳати дӯстонаи мулло гӯш накард ва аз ин роҳи пурхатар нагашт? Мана акнун чӣ шуд? Ӯ чӣ кор кард? Халқонро ба бало гирифтор кард ва ҷони худашро ҳам ба таҳлука андохт. Хуни садҳо мардуми бечораву бенаво ба ҳадар рехта шуд. Боз ин хунрезӣ, кушокушӣ ҳоло тамом нашудааст. Мулло ҷазм карда омада буд, ки аввал ҳамаи ин гапҳои талхро ба рӯйи Восеъ гуфта, ӯро аз кардааш пушаймон намуда, тавба кунонда, баъд чораи халосии ҷони ӯро бо худаш муҳокима намояд. Аммо вай ин ҳама мусибатзадагӣ ва ҳоли табоҳи Восеъро дида ба вай тараҳҳум кард, аз нияташ гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор