Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар он қарибӣ Абдулаҳадхон аз мавло ва ҳомии худ – императори Русия ҳазорто туфанги Бердан бо панҷоҳ ҳазор тир туҳфа гирифта буд. Бо нисфи ин туфангҳо панҷсад нафар сарбози Туқсаборо аз нав мусаллаҳ карданд.
Фавҷ рӯзи сеюм ба роҳ баромад. Мувофиқи фармони амир вай бо чунин суръату шитоб ҳаракат мекард, ки ҳаштод нафар сарбоз дар роҳ аз гармии ҳаво ва машаққати сафар ҳалок шуданд. Боқӣ ҳафтсаду бист нафарашон дар ҳоли ниммурдагӣ ба Ҳисор расиданд.
Дар ин миён ба Остонақул хабари фатҳи Балҷувон ба дасти Восеъ баъд аз он хабари торумор карда шудани дастаи сарбозони ба муҳофизати пули Норак фиристодашуда ва хароб карда шудани он пул расид. Қушбегӣ тамоман безобитаву беқарор шуда монда буд.
Вай фавҷи аз Бухоро омадаро фақат як рӯз дам дод.
Рӯзи дигар ба онҳо аз сарбозони худаш дастаеро ҳамроҳ намуда, дар сари қушуни савораи ҳазорнафара ба тарафи Балҷувон ҳаракат кард.
1 Чун талояи ӯ ба Вахш расид, одамони Нозим, ки дар соҳили чап ба паси харсангҳо шинак гирифта буданд,, худро ошкор накарданд. Талоя соҳилро аз назар гузаронда ва ба вайронии пул қаноат ҳосил карда ақиб гашт.
Остонақул бо қувваи асосӣ аз ақиб меомад ва дар ин асно ба наздикии Норак расида буд.
Нозим ва Ризо бо дастаи саворон ба лаби дарё баъд аз пешин расиданд.
Дар аввал онҳо дар соҳили рост касе ва ҷунбишеро мушоҳида накарданд. Аз соҳил то Норак ҳама ҷо холӣ ва ором буд. Зоҳиран ҳисориҳо дар даруни деҳа қарор ги-

. Талоя – дастаи пешгарди лашкар.

пешина
аз 471
навбатӣ