Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кулӯх мингбошӣ аз тарафи шӯришгарон хотири ӯро боз ҳам парешонтар карда монд.
Вай марди ботаҷрибае буд, медонист, ки шамоли ин воқеа дар вилоятҳои дигар ҳам оташи «фитнаю фасод»–ро аланга хоҳад дод.
Қушбегӣ дар ин боб дуру дароз андеша карда ба чунин қароре омад, ки аҳволро бо як қадар муҳобот ба амир нависад ва аз вай лашкар талабад, зеро лашкари худаш барои иҷрои мақсади ӯ камӣ мекард. Ва баъд бо он лашкар ба вилоятҳои мухталифи кӯҳистон як сафари ҳарбӣ карда, дар ҳама ҷо саркашон ва ошӯбгаронро саркубӣ намуда, осудагии кишварро барқарор созад.
Ба қалъаи ҳисории худ расидан замон вай нишаста бо дасти худаш ба амир номае навишт. Дар нома нақшаи фикр кардаашро баён кард ва фиристодани ҳазор нафар сарбозро талаб намуд. Таъкид ва таъин кард, ки хатар рӯзафзун аст ва ин миқдор сарбоз бояд фавран равона карда шавад.
Худи ҳамон бегоҳ қосиди ӯ номаро гирифта ба роҳ афтод. Ба қосид амри қатъӣ дода шуд, ки дар ҳеҷ ҷо таваққуф накунад ва ҳатто шаб нахобад, то номаро ба доруламора зудтар бирасонад. Ба дасташ хати махсусе ҳам бо муҳру имзои лозима дода шуд, ба ин мазмун ки дар ҳар манзил амлокдорон ва дигар соҳибмансабони маҳалӣ ба вай аспи бардами бодпое диҳанд.
Қосид рӯзи сеюм пагоҳӣ, дар ҳолате, ки аз кӯфтагӣ ҳамчун ҷуволи холӣ тамоман шалпар шуда буд, ба пойтахт расид.
Амир он рӯзҳо дар қасри тобистонии Дилкушо мезист, девонбегӣ номаи Остонақулро дарҳол ба он ҷо бурда «манзури назари мубораки ҳумоюнӣ» гардонид.
Амир Абдулаҳад номаро хонда авзояш беҷо шуд.
Ҳамон соат қушбегӣ ва тупчибошӣ ба машварат даъват карда шуданд.
Баъд аз машварати нимсоата фармони олӣ содир шуд, ки ба зудӣ фавҷе иборат аз ҳаштсад сарбоз таҳти фармони Холмурод туқсабо ба Ҳисори Шодмон равона карда шавад.

пешина
аз 471
навбатӣ