АХТАРОНИ АДАБ

Агар дар ин асно саворе аз Норак асп давонда омада хабари пайдо шудани сарбозони ҳисориро намерасонд, маълум набуд ин занозании издиҳоми мастон бо тӯдаи ҳушёрон ба чӣ меанҷомид.
Ҳама бозистода назари савол ба қосид дӯхтанд, аммо нигоҳи изтиробомези қосид Нозимро меҷуст.
– Чӣ хабар? – бонг зад Ризо.
– Қушбегӣ омад, дар Норак, қарор гирифт! – гуфт қосид.
Бо шунидани ин хабар мастҳо гӯё якбора ҳушёр шуданд. Аммо Нозим ва чанде дигар ҳанӯз дар хоби ғафлати мастӣ буданд. Дар ҳолати онҳо маънии «Хирадро май бибандад, чашмро хоб» аён буд. Ризо дигаргун шуд, ба талвоса афтод. Агар Худо накарда сарбозони қушбегӣ аз Вахш гузаранд, ба зудӣ ин диёру ин ҳама халқи шӯришгарро ғарқи хун хоҳанд кард!
Хушбахтона пули Норак вайрон аст – сарбозон то онро
1 аз нав дуруст накунанд ё паруке насозанд, гузашта наметавонанд.
Аммо ба ҳар ҳол фурсат танг аст, бояд шитоб кард.
Ризо Нозимро сахт–сахт ҷунбонда, аз дасту пояш кашида бедор ва ҳушёр карданӣ шуд, аммо Нозим нима бедор шуда бошад ҳам ба ҳуш намеомад. Ризо кӯзаеро аз ҷӯй об пур карда оварда ба сари ӯ рехт. Бо ёрии ҳамроҳонаш ба сари мастҳои дигари афтидаву хусбида ҳам кӯза– кӯза оби хунук пошида шуд, то ки ҳамаи онҳо ба ҳуш омаданд.
Баъди ним соат беш аз панҷоҳ нафар савор бо шитобу суръат ба роҳи Норак равон гардиданд.
Остонақул қушбегӣ дар бозгашт аз мулоқоти Мирзоакрами мирохӯр дар соҳили Вахш, сар то сари роҳ фикр карда рафт. Пештар ҳам вай аз рӯзафзунии шӯру балвоҳои аҳолӣ парешонхотир буд, хабари торумор карда шудани
Парук (паррук) – гузаргоҳи сунъӣ аз дарё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор