АХТАРОНИ АДАБ

Фавран аз кадом ҷое гӯсфандеро ёфта оварда, кушта, дар ду дег шӯрбои калла–поча андохтанд. Косаҳои пури мусаллас боз даст ба даст рафт.
Шароби кӯҳансол ба зудӣ сарҳои ба нӯшидан одатнакардаро тафсонд, хунҳоро ҷӯшонд. Ҳар гуна қилиқу ҳангомаҳои мастона ба зуҳур омадан гирифт. Яке сутунро оғӯш карда тарона мехонд, дигаре девонасифат мерақсид; ду кас ба ҳам часпида гӯштин мегирифтанд. Чанде дар таги суфа ва лаби ҷӯй ғалтида монда буданду кӯси шабҳои бехобиро мебароварданд. Нозими маст бо як нафар рафиқи аз худ масттараш калавида–калавида аз боғ баромаданду ба ҳавлии ҳамсоя даромада, аз думболи зану духтарҳои ҳаросону гурезон афтиданд. Мардҳо ин ду авбошро зада–зада, баданҳошонро кабуд ва сару рӯйҳошонро варам кунонда, ба боғи амлокдор ронданд. Нозим дар остонаи дари боғ ва шарикаш дар ҷӯй ғалтида монданд.
Ризо ба болои ҳамин аҳвол омада монд.
Вай аввал дар тааҷҷуб монд, сипас тааҷҷубаш ба қаҳру ошуфтагӣ гузашт. Охир ин чӣ бемазагӣ, чӣ бешармист?
Магар Нозимро Восеъ барои он амлокдор таъин кард, ки дар ин замони ҷангу хунрезӣ мастӣ кунад? Дар пеши чашми халқ худро ба ин навъ расвоӣ андозад? Пас гузаргоҳи Вахшро, кӣ дидбонӣ ва аз сарбозони қушбегӣ дифоъ мекунад? Аз мастҳои бедор яке, косаи мусаллас дар даст, калавида–калавида омада, онро ба Ризо нӯшонданӣ шуд.
Ризо косаро бо дастаи қамчинаш якто зада тикка–тикка кард, шароб ба бару домани «соқӣ» рехт. Маст наъра кашида ба гиребони Ризо дарафтид, вай мастро лагаде зада ба ҷӯй ғалтонд. Баъд дар сари хашму ситез як ду дашноми қабеҳи «адиривор» ба номи очаву хоҳари мастҳо дода буд, ки кор ба нафсоният кашида, чанде онҳо ба вай ҳамла оварданд. Шӯру ғавғо тӯпаланг бархост. Ризо ва ҳамроҳонаш як тараф тӯдаи мастҳо тарафи дигар, даст ба гиребонӣ, занозанӣ ба вуқӯъ пайваст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор