Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

рифта буданд, ки ба назар наменамуданд. Онҳо фақат баъди ягон чоряк соат худро ошкор карданд.
Гурӯҳе иборат аз чил–панҷоҳ сарбози савор аз Норак баромада ба тарафи поёнтари дарё ҳаракат кард. Онҳо наздиктар омада буданд, ки баъзе шӯришгарон марди савори аспи сафеди пеш–пеш омада истодаро шинохтанд – вай Остонақул буд. (Шинохтагон ӯро пештар дар вақтҳои рафтанашон ба бозори Ҳисор дида буданд).
Қушбегӣ бо сарбозонаш якчанд дақиқа дар лаби дарё ин сӯ – он сӯ гашт. Аз афти кор вай гузаргоҳе ё ҷойи парруксозие меҷуст. Дар ин ҷо дарё баъди аз тангно зада баромадан ба маҷрои фарох дохил шуда, андак аз хурӯши мастонааш фуромада, нисбатан оромтар ҷорӣ мешуд, аммо на он қадар ором, ки одами савор ба гузаштан ҷуръат карда тавонад. Шӯришгарон дар ин бора хотирҷамъ буданд.
Остонақул ва саворонаш пиёда шуданд.
Як маҳал аз деҳа як тӯда мардум баромада ба ҳамин тараф равон шуд. Сарбозони савор аз қафо он мардумро ҳамчун гала ҳай карда меоварданд.
Одамон дар даст ва китфҳошон хода, тахта, каланд, табару теша бардошта меомаданд. Маълум буд, ки онҳо бошандагони Нораканд. Акнун ба шӯришгарон мақсади Остонақул маълум гардид: ӯ парруке ё амаде сохта, лашкарашро аз дарё гузарондан мехоҳад. Шунида буданд, ки Остонақул марди ҳилагар ва ботадбирест, инак, вай боз ҳамин сифаташро нишон дода истодааст.
Замбаракчаҳои ғаниматӣ дар соҳил назди дидбонҳои Нозим монда буданд. Ризо як замбаракчаро аз болои дунгӣ бароварда, борут андохта даргиронда, ба тарафи гурӯҳи Остонақул пайи ҳам ду кулӯлача паронд. Масофаи аз ним чақрим зиёд набошад ҳам, кулӯлачаҳо то ҷойи қарор гирифтани сарбозон нарасида, аз онҳо як дусад қадам онсӯтар ғалтида парт–парт кафиданд. Шаш нафар туфангдор, ки дар дастаи Нозим буданд, ҳамчунин ба он сӯ аз туфангҳошон як бор шиллик карданд.

пешина
аз 471
навбатӣ