АХТАРОНИ АДАБ

Гулъизор аз паси ӯ косаи оши қӯноқинро бо ҷурғот ва якто нони аз орди пӯстлохи дарахти туғ бо омехтаи андаке орди ҷав пухташударо оварда, дастархон паҳн карда ба пешаш монду боз оҳиста баромада рафт.
Чун Восеъ то дергоҳ аз меҳмонхона набаромад, Аноргул вақти шом дар аловгирак як пора лахчаи сурхро бо як қабза хаси хушк дар даст гирифта ба наздаш омад. Дар кӯҳистон бо нишастани офтоб якбора торикӣ мефарояд:
меҳмонхона чун шаби тор торик буд, занак дар аловгирак хасро ба болои лахча гузошта пуф карда даргиронду аз оташи он пораи кунҷолаеро барфурӯзонд. (Кунҷола бо каме равғани зағер дар даруни сафолкосаи хурдтараки бесир андохта шуда ва дар тоқча истода буд.) Гӯгирд дар кӯҳистон чизи камёб ва гаронбаҳое буд. Зан дар рӯшноии шуълаи чароғаки кунҷоласӯз дид, ки Восеъ рӯ ба девор хобида, оши ярма хунук шуда ва нону ҷурғот ҳам дар рӯйи дастархон барҷо истодааст. Даст ба китфи вай расонда пурсид:
– Отаи Ҳасан, хобӣ ё бедор?
Восеъ нимхобу нимбедор буд, хеста нишаст.
– Чаро хӯрокатро нахӯрдаӣ? Ё магар бетоб шудӣ? – Аноргул ба пешонии ӯ даст расонда ҳарораташро санҷид.
– Бетоб нестам, – гуфт Восеъ.
– Хӯрокат хунук шудааст, ман гарм карда биёрам.
– Аввал об биёр, ман ташнаам.
– Чӣ хӯрдӣ, ки ташна шудӣ?
– Кас ҳеҷ чиз нахӯрда бошад ҳам, ташна мемондааст.
Обро биёр.
Зан аз нова офтобаи сафолинро ба оби сарди чашма пур карда овард. Восеъ аз даҳони офтоба қариб ҳамаи оби онро нӯшид.
Аноргул аз ҳавлии дарун духтарашро ҷеғ зада ошро ба ӯ дод, ки зуд гарм карда биёрад. Худаш ба паҳлуи Восеъ нишаст.
– Ғамро ба дилат нагир, – боз шавҳарашро ба тасаллӣ додан даромад зани меҳрубон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё