АХТАРОНИ АДАБ

Баъд «манғитҳо»–ро дуои бад кард: – Худо ба сарашон сиёҳӣ бирезад! Илоҳӣ, орзуҳошон дар дилашон монаду дилашон дар тангӣ!
Сипас Аноргул чораи аз қарзу ҷарима соф шуданро, ки фикр карда омада буд, баён намуд: бигузор Восеъ рӯзи бозори Ховалинг ҷиҳози Гулъизорро бараду фурӯшад, ҷиҳози духтар ду куртаворӣ чити гулдор, як ҷомаворӣ қаламӣ, ду рӯймоли фарангӣ, як ҷуфт кафши бухорӣ ва ду кӯрпаворӣ газвори сурх аст, ки дар сандуқ хобидааст. Боз ду шадда муҳра (марҷон) ҳам ҳаст–якаш аз они Гулъизор, дигараш муҳраи арӯсии худи Аноргул. Илова бар ин, ӯ, Аноргул, аз баҳри кафшу масҳии шаҳрисабзӣ ҳам, ки перор сол Восеъ аз Ҳисор барои ӯ харида оварда буд, мегузарад, масҳӣ ҳанӯз нав аст. Аноргул онро фақат ду бор:
дар тӯйи хатнаи писари Фотима хоҳари Восеъ ва дар тӯйи арӯсии Қосим пӯшидаасту бас. Майлаш, Восеъ онро ҳам фурӯшад.
Дар байни гапи Аноргул духтараш оши ярмаро гарм карда овард ва рафт. Восеъ ба хӯрдан шурӯъ кард. Аноргул баъд аз шумурдани сарвати дар сандуқ пинҳон карда мондааш пурсид.
– Пули ҳамин чизҳо ба қарзат мерасидагист?
Восеъ бо ҳисси миннатдорӣ ва меҳрубонӣ дасташро ба китфи занаш партофта гуфт:
– Хоҳ расад, хоҳ нарасад, мо ба ҷиҳози духтарамон даст намерасонем, ҷони ширин. Ҷиҳозро ба умеди хушбахтии духтар ғун мекунанд, на ин ки барои фурӯхтан дар рӯзи сахт. Кафшу масҳии нави ту ҳам аз они худат.
Аноргул сарашро ба зонуи шавҳараш монда бо овози ҳаяҷономез гуфт:
– Набошад ҷаримаат, қарзатро ба чӣ адо мекунӣ? Бидон, ки ман ғуноҷинамонро фурӯхтан намемонам.
Восеъ ҷавоб надод, сукут кард. Дасти ӯ дар китфи Аноргул ва сари Аноргул дар зонуи ӯ, – дар ҳамин ҳолат дуяшон чанд гоҳе хомӯш нишастанду баъд хеста ба ҳавлии дарун рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё