АХТАРОНИ АДАБ

Қосими наврӯзгор сари роҳ ба деҳаи Боғча, ки дар ҳамсоягии Дараи Мухтор воқеъ шуда ва аслан як ҷузъи он аст, тоб хӯрд, ӯ дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекард. Восеъ ва Нозим дар гашти рӯз ба деҳаи худ расиданд.
Восеъ хастаҳол менамуд, ранги рӯяш паридагӣ буд, Аноргул ӯро дида бесаранҷом шуд, ба хавотир афтод. Пай бурд, ки хафагӣ ва ногувории калоне рӯй додааст.
– Чӣ гап шуд, амлокдор чӣ кард, чӣ гуфт?
– Ҷарима кард.
– Ҷарима?–қариб бо хушҳолӣ гуфт Аноргул, зеро агар шавҳараш бо андак ҷарима халос шуда омада бошад, ҳеҷ гап не. – Чӣ қадар ҷарима?
– Сад танга, «ба хотири падарам». Амлокдор арвоҳи падари маро бисёр ҳурмат мекардааст. Аз барои ҳамин ӯ гуфт, ки «қӯшпулӣ, танобпулӣ, ноҳақона, миронаро ҳам ба болои ҷарима зам карда, рӯзи бозор оварда медиҳӣ»…
То рӯзи бозор ман камаш сесад танга бояд пайдо кунам.
Вагарна қарзам дар ҳар панҷ рӯз ним баробар зиёд шудан мегирад. Сесад танга! Пули дувоздаҳ ман ғалла. Бо нархи пеш аз хушксолӣ пули бисту панҷ–сӣ ман гандум.
Аноргул ҳангаш канд. Косаи оши ярмаи қӯноқин, ки барои Восеъ аз дег кашида оварда буд, қариб буд аз дасташ афтад. Ба шавҳараш хеле дилаш сӯхт. Косаи ошро ба пешаш монда ӯро тасаллӣ дод:
– Хайр, ягон илоҷаш ёфт мешудагист, хафа нашав, худатро накоҳон.
Гулъизор дар паҳлуи падараш зону зада ӯро хомӯшона оғӯш кард. Давлат ва аз паси ӯ Ҳасан пайдо шуда омада ба зонуи падарашон нишастанд. Ҳайрон буданд, ки падарашон монанди ҳарвақта онҳоро намебӯсад, навозиш намекунад.
Ӯ «дилам намекашад» гуфта, ба ош даст нарасонд. Бачаҳоро аз зонуяш фуроварда беҳолона хесту ба ҳавлии берун равон шуд. Мехост соате танҳо бошад.
Ба меҳмонхона даромада дарро пӯшиду худро шикамнокӣ ба рӯйи намад партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё