АХТАРОНИ АДАБ

Аммо ту ба доруға, ки аз хизматгорони ҷаноби олӣ ҳисоб мешавад, дағдаға кардаӣ, ёғигӣ кардаӣ, ба кораш лат додаӣ – гуноҳи калон кардаӣ.
Ҳова, гуноҳи калон. Ман амлокдор, мушрифи хироҷу закоти султонӣ ки бошам, бояд туро аз барои ин гуноҳат ҷазо диҳам. Агар ҷазо надиҳам, фақирон далер мешаванд, минбаъд аз додани хироҷу закот сар метобанд, ҳамин тавр не? Ҳова, ҳамин тавр аст. Бе ин ҳам–ку ман хироҷу закотро бо сад машаққат ва ҳазор ҷанҷолу хархаша рӯёнда истодаам. Туро чӣ ҷазо диҳам, сазои ту чист? Не, ин тавр намекунам. Ҷаноби ҳоким туро албатта ба зиндон меандозанд, дар он вақт аёлу кӯдакони ту бепаноҳ мемонанд, хор мешаванд; боз хироҷу закот ҳам аз ту норӯйида намонад.
Ҳова, хироҷу закот месӯзад. Ё фармоям, ки навкарон туро чил–панҷоҳ қамчин зананду сар диҳанд? Не, аз ин ҳам фоида нест. Ман падаратро мешинохтам, ӯ одами хуб буд, баҳодур буд, ба хотири падарат ман ин корро намекунам.
Як одами обрӯмандро беобрӯ кардан чӣ лозим? Ман ин хел одами ноинсоф ва кӯтоҳандеш нестам. Беҳтар ки ман ба ту ҷарима андозам. Ҳова, ҷарима. Ин ҳам таъзири ту мешаваду ҳам фоидаи хазинаи султонӣ. Сад тангаи подшоҳӣ ҷарима медиҳӣ, Восеъ. Сад танга. Баъд, ту аз қӯшпулӣ, танобпулӣ, осиёпулӣ, ноҳақона, қарздорӣ, онҳоро ҳам ба болои маблағи ҷарима зам карда медиҳӣ.
Муҳлаташ то рӯзи бозор. Ҳова, то рӯзи бозор. Имрӯз панҷшанбе, то рӯзи сешанбе аз куҷое ки хоҳӣ, ёфта оварда медиҳӣ. Агар дар вақташ оварда надиҳӣ, ман мувофиқи расму таомули мамлакат маблағи ҷаримаро зиёд мекунам.
Дар ҳар панҷ рӯз ҷаримаат ним баробар зиёд шудан мегирад. Ҳова, ним баробар. Вассалом, гап тамом. Бирав, бандаи Худо, аз корат намон.
Восеъ аз амлокдорхона баромада ба додараш Қосим ва ошно–ҳамсояаш Нозим дучор шуд, ки барои аз вай хабар гирифтан омада буданд. Сеяшон бо ҳам ба роҳ даромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё