Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷобир дар ҳолати нимтаъзими фармонбардорона:
– Тақсир, ман кишти ғаллаи… – гуфта даҳон кушода буд, ки амлокдор: – Хап! – гӯён ба сӯяш даст афшонда даҳони ӯро баст ва боз ба Восеъ рӯй овард: – Ман туро одами бамаънӣ, баобрӯ медонистам, наход, ки ту бо ҳамин навкари беақл баробар шавӣ, даст ба гиребон шавӣ? Магар айб нест? Ҳова, айб аст.
– Агар ин навкари шумо ақлдор мебуд, ман намезадамаш, – гуфт Восеъ, – айб ба шумост, ки беақлро навкар мегиред.
Амлокдор аз ин гап на ин ки қаҳраш наёмад, балки аз рӯйи одати худ бо як кушодгуфтории фиребанда ҷавоб дод:
– Чунки одами оқил ба навкарии мо намеояд. Ҳова!
Масалан, ту ба навкарӣ, доруғагӣ розӣ мешудӣ магар? Не, албатта.
Восеъ ба доруға нигоҳ кард, дид ки ӯ аз гапи амлокдор на фақат мулзам ё озурда нашудааст, балки даҳан во карда табассум менамояд. Ӯ чашмаш ба чашми Восеъ ғалтида буд, ки боз даррав қиёфаи озурдагии кинаомез ба худ гирифта шикоят кард:
– Ӯ маро хорӣ кард, саг гуфт, тақсир.
– Ғалат кардӣ, саги газанда гуфтам, – нафратомез ҷавоб гардонд Восеъ.
– Ана, шунидед, тақсир, ӯ худаш иқрор шуд, – ба амлокдор гуфт доруға.
– Ту ӯро таъриф кардӣ, – лабханд карда Ҷобирро нишон дода ба Восеъ гуфт амлокдор. – Ҳова таъриф кардӣ.
Доруға бояд, ки мисли саг газанда бошад, вагарна кадом амлокдор ӯро ба доруғагӣ мегирад? Ман ҳайронам, Восеъ, ту ворӣ як одами оқил аз доруға одамгарӣ талаб мекунӣ, охир доруға кораш посбонии киштҳо ва дастгир кардан, задан, кӯфтани ғалладуздон бошад, чӣ мегӯйӣ? Доруғаҳо боинсоф, раҳмдил бошанд, хироҷу закоти султониро Худо мезанад–ку. Ҳова, Худо мезанад. Ту Ҷобирро беҷо айбдор мекунӣ, ӯ саъю кӯшиш дорад, хизматро ба ҷон мекунад.

пешина
аз 471
навбатӣ