Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сардорон ҳамин тавр ба зафар ёфтанашон бовар карда гап мезаданд. Ғалабаҳои то имрӯз ба дастомада, дар навбати якум. албатта, ғалабаи калони имрӯза онҳоро пурдил карда буданд.
Аз ҳозирон фақат як кас–Юсуфи ҷавонбахтӣ, кушандаи Кулӯх-мингбошӣ фикри дигаре изҳор кард.
– Восеъ, одамон ва аспони мо хеле монда шудагӣ, ту ҳаминро ба назари эътибор бигир, одамон ва аспонро як ду рӯз дам медодем, бад намешуд. Мир дар ин як рӯз–ду рӯз аз дасташ чӣ кор меояд? Ҳеҷ коре карда наметавонад.
Мир сахт лат хӯрд, то ӯ ба худ омада фикри корро мебинад, ки якчанд рӯз мегузарад. То Кангурт қариб чор фарсанг роҳ аст, аспон ва одамони мондашудагӣ то ба он ҷо расидан тамом шалпар мешаванд, аз пиёдаҳо мумкин, ки бисёр касон аз мондагӣ дар роҳ монанд.
Ҳозирон ба Восеъ назар дӯхтанд, мунтазир буданд, ки ӯ дар бораи ин нуктаи ба хотири худашон нарасида ё расида бошад ҳам беэътибор монда чӣ мегуфта бошад.
Восеъ ин мушкилро саҳлу осон ҳал кард:
– Ҳеҷ гап не, – гуфт ӯ, – одамон имшаб ва пагоҳ то бегоҳӣ дам мегиранд, мо бегоҳӣ ба роҳ мебароем. – Вай баъди андак сукут илова кард, ки:
– Мо морро лагад задему накуштем, сари мор кӯфта беҳ. Аз неши мори сарнокӯфтаву нокушта ҳазар.
Нозим аз ваъдаи лақайҳои Кӯлоб сухан ба миён овард:
– Туғай наёмад–ку, Восеъ? Магар аз қавлаш гашта бошад?
Восеъ зуд ҷавоб надод. Саид–мерган гуфт:
– Аз дузд чӣ умед? Дузд магар қавл дорад?
– Наёяд – даркор нест, – гапро тамом кард Восеъ.
– Даркор нест, – такрор кард Назир. – Ман медонистам, ки Туғай аҳду паймонро бо дили соф намебандад. Мақсади ӯ баъд аз гирифтани Балҷувон дуздию ғоратгарӣ буд.
Мадади Туғай ба Восеъ дар ҳуҷуми ба Балҷувон даркор буд, акнун, ки ин ҳуҷум бе вай ҳам ба муваффақият анҷомид, Восеъ дигар ба вай эҳтиёҷ надошт, ҳатто аз наёмадани ӯ гиламанд ҳам набуд. Ёронаш ҳам инчунин.

пешина
аз 471
навбатӣ