Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эҳтимол, ба Ҳисор хат фиристода, аз қушбегӣ мадад пурсад... Шумо чӣ мегӯед, ёрон, мо чӣ кор карданамон лозим?
Ёрон ҳама ба Назир нигоҳ карданд. Назир баъд аз Восеъ сардори дувум ва ба ҳукм «вазир»–и ӯст, одами доност, бояд аввал вай гап занад.
Назир луқмаи навбатиро фурӯ дода ва обро нӯшида гуфт:
– Ту мири моӣ, Восеъ, ту сарлашкарӣ, мо лашкар. Ту чӣ фармоне, ки диҳӣ мо ба ҳамон амал мекунем.
Дигар ҳозирон ҳам сухани ӯро маъқул донистанд.
Восеъ як нафас тааммул кард, аз устухони дар дасташ буда гӯштро покиза тарошида хӯрд, устухонро ба рӯйи дастархон партофт ва баъд бурро–бурро гуфт:
– Пагоҳ Кангурт меравем, ҳуҷум мекунем. Намемонем, ки мир нафасашро рост кунад. Фармони ман ҳамин аст.
– Маъқул, – гуфт Назир. – Ҳоким гургворӣ аз қапқон ҷаст, гурехт, аммо пояш лангон аст: агар сари вақт ӯро сур кунем, мегиремаш. Иншоаллоҳ, Кангуртро ҳам мегирем.
– Рост мегӯйӣ, – сухани Назирро қувват дод Одина. – Гармогарм лагад кардан лозим мирро. Ӯ имрӯз дилашро бой дод, тоби ҷанг надорад, боз шикаст мехӯрад.
– Агар ӯро ба даст меғалтондем ё мекуштем, аҷаб кори хубе мешуд! – гуфт Нозим. – Мирони дигар ҳам тарсида мемонданд!
– Коре карда бисёртар камону шамшер ғанимат бигирем, хуб мешавад, – ба гап ҳамроҳ шуд Саид–мерган – сардори шӯришгарони дараи Раҷабфақир. – Ҳозир аслиҳаи мо кам аст; Худо накарда қушбегӣ ё мири Кӯлоб ба болои мо лашкар кашанд, кори мо мушкил мешавад.
– Аспҳоро ҳам бигӯ, акаи мерган, – аз дами дар гап партофт Ризо, – сарбозони мир аспҳои хуб доранд, аспҳошонро ғанимат мегирем!

пешина
аз 471
навбатӣ