Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Хуб, омин, Аллоҳу акбар, – даст ба рӯй кашида аз ҷо бархост Восеъ. – Акнун хоб. Пагоҳ кори зӯр дар пеш аст, дам бигиред, додарон. Назир, ту аз қаравулҳо, дидбонҳо хабар бигир, бигӯ: чорчашм нигоҳ кунанд, ғафлат накунанд.
Ризо ва дигар дастёрҳои ҷавон ба ғундоштани дастархон шурӯъ карданд.
Восеъ ҳоло қадам аз остона берун нагузошта буд, ки додараш Қосим пайдо гардид. Саросема буд, тез–тез нафас мекашид.
– Саидалӣ Боғи мирро лагад кард, – хабар дод ӯ. – Қаровулонро зад, банд кард. Худаш ҳамроҳи одамонаш чизу чораи мирро толон карда истодааст.
Пеш аз ин Восеъ додарашро бо як даста одам ба Боғи мир фиристода буд, ки онро то пагоҳ посбонӣ карда истанд, пагоҳ худаш ба он ҷо баромада асбобу анҷоми манзили тобистонии бекро мусодира ва дар байни шӯришгарон тақсим карданӣ буд. Дар он манзил аҳли ҳарами бек мезистанд, ду занаш гурехта аз паси шавҳарашон рафта буданд, фақат зани калонии ӯ ки бемори бистарӣ буд, бо як зани парастор ва ду хизматгори мардина монда буд.
– Одамаш чӣ қадар? Бо чанд кас лагад кард? – пурсид Восеъ.
– Бист–бисту панҷ кас, – ҷавоб дод Қосим.
– Ҳай лаънатӣ! –гуфта монд Назир. – Хук арзанхӯриашро намепартояд.
Восеъ фармон дод:
– Одина! Юсуф! Дарав бо одамони худатон ба Боғи мир равед. Агар Саидалӣ ҳанӯз аз он ҷо нарафта бошад, шумо боғро печонда гирифта ӯро баромадан намонед.
Шаб дар ҳамон ҷо истед, пагоҳ худам баромада бо ӯ гап мезанам.
Одина ва Юсуф туфангу шамшерҳошонро ба даст гирифта зуд баромада рафтанд.
Восеъ аз ин ҳодиса табъаш хира шуд. Гумон накарда буд, ки дар худи рӯзи якуми ғалаба дар байни ёронаш ин хел ҷанҷолу муноқиша мехезад.

пешина
аз 471
навбатӣ