АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Вай зуд савор шуд, дигар аспдорон ҳам савор шуданд.
Онҳо қариби дусад нафар буданд. Восеъ пиёдаҳои бо шохаҳо–душоха ва сешохаҳо мусаллаҳшударо ба як дастаи алоҳида ҷудо карда буд, ба онҳо фармон дод, ки аз саворон ақиб намонда омадан гиранд. Таёқдорони дигар – аз қафои шохдорон. Ӯ як саворро ба болои тал – ба назди Саид–мерган давонда фармуд, ки дастаи мерган рӯ–рӯйи талҳо ба наздики мазор равад ва он ҷо дар баландӣ шинак гирифта чашм ба тарафи шаҳру қалъа дӯзад: агар аз он тараф сарбозон пайдо шаванд, ба болои онҳо типарронӣ кунад.
Ба Восеи таълими ҳарбӣ надида ва ба истиснои ҳарбу зарби Мазори Додарак дигар ҳеҷ гоҳ фармондиҳӣ нокарда ҳозир танҳо фаросат ва ҳиссиёти табиияш раҳнамо буд.
Фаросату ҳиссиёташ ба вай мегуфт, ки агар сарбозон барвақт баромада дар соҳили кушоди дарё ҷангро пайванданд, шӯришгарон дар муқобили яроқи оташфишони онҳо эҳтимол истодагӣ карда натавонанд, бинобар ин вай мехост пеш аз баромадани сарбозон зудтар ба шаҳр зада дарояд: дар кӯчаҳои танги шаҳр, дар байни иморатҳо, дарахтҳо, баланду пастиҳо шӯришгарон – беш аз ҳазор нафар савораю пиёда таёқдор – ҷангида метавонанд, мағлуб намешаванд. Аммо Восеъ аз панҷоҳ нафар сарбози савораи ҳисорӣ, ки бо сардории Раҷаб–додхоҳ дар пушти мазор камин гирифта буданд, хабар надошт...
Нақшаи бек ҳоли ҳозир амалӣ шуда истода буд: дар вақте ки Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис шӯришгаронро ба гуфту гузор андармон мекарду баъд вакилони шӯришгарон дар қалъа машғули «музокира» буданд, бек ҳисориёни расида омадаро, пас аз дамгирии нимсоатаашон, дар паноҳи дарахтзорони соҳил ба мазори Ҳоҷа Балҷувон расонида, номаълумак дар пушти мазор ба камин нишонда буд. Дар дохили қалъа ва дар деҳи Туркон сарбозҳои худи бек ва дастаи лақайҳо ҳам ба ҷанг омода гардида буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор