АХТАРОНИ АДАБ

Ризо дарав дастҳои ин ду нафарро ҳам аз ресмон раҳо кард. Туфангҳоро аз дасти навкарон зада гирифтанд. Баъд ҳар чор нафар худҳошонро ба тарафи аспҳо афканда, савор шуда фирор карданд. Ин ҳама амал дар якчанд сония анҷом ёфта бошад ҳам, талотӯб ва баъд аз он фарёди «доред! доред!»–и навкарони латхӯрдаву гаранг сарбозони дар майдон истодаро аз воқеа хабардор кард, як ду нафар сарбоз аз қафои гурезаҳо, ки ба кӯчаи калони шаҳрча ба тарафи Намозгоҳ чорнаъл асп медавонданд, якчанд тир холӣ карданд. Дар ин асно толеъ аз Гулқурбон ва Шариф баргашт – онҳо тир хӯрда аз болои зинҳо париданд. Одина ва Ризо ба селхонаи Намозгоҳ хамида ҷон ба саломат бурданд. Ризо «Бердани» ғаниматии худро аз қафо гардонда паронданӣ мешуд, аммо тир намебаромад – туфанг бе тир буд. Селхонаи Намозгоҳ баъди як ду дақиқа дуяшонро ба Сурхобдара, ба болои деҳаи Сурхакон баровард.
Дар Тути буни Ҳайдар Одина назди издиҳоми дар ҳайрату ҳаяҷон монда аспи арақшори худро ба зӯр нигоҳ дошта наъра кашид:
– Восеъ! Мо ба доми фиреб ғалтидем! Ҳоким моро банд кард, мо гурехтем, Гулқурбону Шариф нобуд шуданд. Гапҳои мударрис ҳама фиребу найранг будааст!
Ҳоким тайёрӣ дорад, сарбозонро ба болои мо меандозад.
Аз ҷамоат ғулғуле бархост, ошуфтагӣ ва изтироб қоим гардид. Мардум ба шарикони дар он ҷо мондаи мударрис дарафтиданд. Ду арбоб ва маҳрамбошии бек дар як дам аз зарби таёқҳо ҳалок гардиданд.
Дигар фурсати хаёлу андеша карда истодан набуд. Восеъ ба қарори қатъӣ омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор