АХТАРОНИ АДАБ

Дар ҳамин вақт аз ҷониби Сурхакон ду савор пайдо шуд.
Ҳарду асп давонда меомаданд. Онҳо Одина ва Ризо буданд. Ризо ба дасташ туфанг дошт.
Ин чӣ воқеа ва чӣ сирре бошад, шӯришгарон нафаҳмиданд, ҳайрон ва бесаришта шуданд.
Воқеа ин буд, ки навкарон ҳар се вакили шӯришгаронро фурсате дар бандихонаи даруни қалъа нигоҳ доштанду баъд ду нафарашон туфанг дар даст онҳоро ба зиндон бурданӣ шуда аз қалъа бароварданд. Дар поён дар майдони пеши қалъа як даста сарбозон истода буданд. Зиндон дар тарафи рости майдон буда, онро пуштае аз чашми сарбозон панаҳ мекард. Дар канори роҳе, ки аз пойи қалъа ба тарафи зиндон мерафт, Ризо се аспи вакилони Восеъро ба дарахт баста, посбонӣ карда истода буд, ки навкарони милтиқдор вакилони даст ба пушт бастаро пешандоз карда оварда истодаанд, ҳангаш канда дасту по гум кард.
Онҳо наздик омаданд. Гулқурбон қадам нигоҳ дошта ба Ризо чашмаки маънидоре зад ва гуфт:
– Ризо, носкадуи маро бигир, ба даҳонам нос андоз.
Навкарон ба ин монеъ нашуданд, зеро одати ин тоифаи гадотабъ буд, ки агар дар наздикашон касе нос мекашид, албатта, ба носкашии ӯ шарик мешуданд ва талабида мекашиданд. Ризо носкадуи ҳофизро аз қабати футааш бароварда ва аз он ба кафаш нос рехта ба даҳони вай андохт, навкарон ҳам кадуро аз дасти Ризо гирифта ба навбат нос кашиданд: Ризо аз ин фурсат истифода бурда, номаълумак кордчаашро бароварда чилбури ба дасти Гулқурбон печондашударо оҳиста бурида партофт. Гулқурбон ду дасти раҳошудаашро ҳамоно дар пушташ нигоҳ дошта истода, рӯ ба тарафи навкарон карду нохост ба онҳо тунду тез дарафтида якеро аз пой афтонд ва носи даҳонашро ба чашми вай туф кард, навкар даст ба чашм ниҳод, ҳамон лаҳза Ризо худро гурбавор ба болои навкари дуюм ҳаво дод, ӯро ба тагаш пахш кард. Одина ва Шарифи дастбаста ҳам фавран ба ҳаракат омада бо тамоми қувват ба сару китфу пойи навкарони ба замин ғалтондашуда якчанд лагад фуроварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор