АХТАРОНИ АДАБ

Одина, ки аслан ҳам марди нотарсе буд, аз сухани Гулқурбони ҳофиз пурдил шуда ба ҳоким:
– Мо ба пеши шумо ҷавобгар шуда наомадем, тақсир, – гуфт, – даъвогар шуда омадем.
– Аввал шумо ба даъвои мо ҷавоб диҳед, тақсир, – аз шариконаш қафо мондан нахоста илова кард Шариф.
– Даъвогар шуда омадед?! – чашмони Мирзоакрамбой аз хашму ғазаб сурх шуданд. – Гиред ин ёғиҳои сарбадорро! – ба навкаронаш амр кард бек. Вай аз чӣ иборат будани даъвои шӯришгаронро донистан ҳам нахост. – Зада– зада бареду ба зиндон андозед!
Навкарон ба ҳар се вакили шӯришгарон дарафтиданд, онҳоро зада ва баста кашон–кашон бурданд. Шартҳои шӯришгарон ба бек ногуфта монданд. Бек ба Абдуқайюмбой амр кард, ки ба қароргоҳи шӯришгарон биравад ва бо ягон ҳилаю тадбир Ҳоҷӣ Яъқуби мударрисро бо ҳамроҳонаш халос карда оварад.
Бой ба Тути буни Ҳайдар баргашта, ҳилаеро, ки дар роҳ фикр карда омада буд, ба кор бурданӣ шуд:
– Вакилони ту дар қалъа зиёфат хӯрда нишастаанд, – гуфт вай ба Восеъ, – ҳоким бо онҳо машварат дорад, мехоҳад, ки ту шартҳои худро саҳл кам кунӣ. Ҳоҷидомулло бо ин оқсақолон, – амлокдор ба ҳамроҳони мударрис ишора кард, – дар машварати бек ҳозир буданашон зарур будааст, вагарна ин мушкили имрӯз ҳал нашуда мемондааст. Одати ҳоким ин ки дар ҳар як бор аввал бо ҳоҷидомулло маслиҳат мекунад.
Восеъ ва ҳамаи шӯришгарон аз дер мондани вакилони худашон дар қалъаи ҳоким ба хавотир афтода буданд.
Акнун намедонистанд, ки ба сухани амлокдор бовар кунанд ё накунанд. Сухани вай рост барин менамуд.
– Шумо равед, – гуфт Восеъ ба мударрис, – дигар ҳамроҳони шумо мемонанд.
Ҳоҷӣ Яъқуб хушнудона аспашро савор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор