Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ҳай дӯзахӣ! – тоқат карда натавониста гуфт Гулқурбон ба вай. – Малъун худат! Туро қасам мезанад!
– Дам шав, падарлаънати дузд, қотил! – амлокдор ба сари ҳофиз мушт кашид. – Шумоёнро куштан, овехтан кам аст, ҳар кадоматонро зинда–зинда бузкашӣ кардан лозим!..
Бек ба амлокдор бо назари кароҳат як–ду нигаристу дигар ба вай эътиное накард. Вай ба ягона курсие ки дар айвон истода буд, нишаст, ҳамроҳонаш дар гирди ӯ рост истодан гирифтанд.
Аз амлокдорон баъзеҳо Гулқурбони ҳофизро мешинохтанд – пештар вайро дар тӯю маъракаҳо дида буданд.
Девонбегии пастаки ҳапалакрӯй бо истеҳзои таҳқиромез ба ҳофиз гап партофт:
– Думбураат куҷо шуд, беимон? Ту ҳофизиро партофта ба душманони ҷаноби олӣ пайвастӣ?
Ҳофизи солхӯрда, лекин ҳоло бардаму бақувват – ёдаш бахайр аз ин савол худро гум накард, балки вазнину ором чунин ҷавоб дод:
– Думбураамро монда омадам, тақсир. Ҳофизиро ҳам напартофтаам. Бо ин халқи имрӯз дар талаби ҳақиқат ба ин ҷо омадагӣ маро Худо пайвастааст, чунки худам дар байни ҳаминҳо ба дунё омада, аз бозе ки ақламро шинохтам, бо ин халқ шишту хез дорам, ки дар он вақт ман номи «ҷаноби олӣ»–ро ҳатто нашунида будам.
– Ту хеле пургӯй менамоӣ, – бо хашми таҳдидомез гуфт ба вай бек. – Канӣ гап зан, закотчии ҷаноби олиро кӣ кушт? Кулӯх мингбоширо кӣ кушт? Балки ту кушта бошӣ? – Баъд бек ангушти ишораташро ба Одина ва Шариф рост карда пурсид: – Ё ту?.. Ту?..
– Ҳаминҳо куштагӣ, ҷаноби бек! – боз иғво кард амлокдори Ховалинг. – Қотил ҳамаашон!
– Ҷавоб диҳед, малъунҳо, кӣ кушт закотчӣ ва мингбоширо?! – фарёд зад ҳоким.

пешина
аз 471
навбатӣ