АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ қад–қади деҳи Сари Мазор бо суръати тез ба гузаргоҳи дарё равон шуд (дарё дар рӯбарӯйи мазор ба се шоха ҷудо мешуд – гузаргоҳи боб он ҷо буд). Вақте ки лашкари вай аз пеши мазор мегузашт, якбора аз тарафи чап – аз пушти мазор қасар–қасари тирпарронӣ ғалтиданд. Воҳима хест, савори тит шуда ақиб гаштанд, пиёдаҳо пош хӯрда ба кунҷу канорҳо ва паси харсангҳо хазиданд. Аспи рамидаи Восеъ ҳам дар як он саворашро ду– се сад қадам ақиб бурда партофт. «Э дареғ, ба ғафлат мондам, – мегуфт Восеъ дар дилаш. – Тамом шудем, ҳозир сарбозон аз қафо ҳамла оварда ҳамаамонро қир мекунанд!» Аммо Раҷаб–додхоҳ аз чӣ сабаб бошад, ки ин халқи гурезаро таъқиб намекард. Восеъ ба пасаш нигоҳ карда соҳилро холӣ дид. Сарбозон ба баромадан аз камингоҳи худ шитоб намекарданд. Шояд гумон мекарданд, ки шӯришгарон хоҳу нохоҳ маҳкуми торуморанд, ҷойи гурезу халосӣ надоранд. Ин як хатои фалокатангез – барои сарбозон фалокатангез буд, ки аз Раҷаб–додхоҳ содир шуд. Бек, ки дар болои девори қалъа истода ин манзараро мушоҳида намуда, баъдҳо ҳамин мусоҳилакории додхоҳро, бо афсӯсу надомат ба ҳар кас нақл хоҳад кард.
Восеъ ақибашро холӣ дида, фавран ба қароре омад. Вай бо шамшери бараҳна сари роҳи тӯдаҳои гурезонро гирифта, бо як ваҷоҳати воҳиманок: «Истед! Истед! Нагурезед, ки нобуд мешавед!» гӯён фарёд зада, бо ёрии Назир ва Саидалӣ бештарини саворони худро боздошт.
– Саидалӣ, ту аз ин тараф! Назир аз мобайни дарахтзор!
Ман аз рост! Зер кунед! – фармон дод ӯ ва ҳамон дам худаш асп давонда пеш рафт. Саворон, ки пеш аз ин воқеа се даста дар зери фармони Восеъ, Назир ва Саидалӣ буданд, фавран аз қафои саркардаҳои худ шитофтанд.
Дар ҳамин вақт сарбозони Раҷаб–додхоҳ ҳам савор шуда бо шофу шамшерҳои бараҳна аз камингоҳ ҳаракат карда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор