АХТАРОНИ АДАБ

Акнун Остонақул яқин кард, ки ин ҳамон кӯҳистонист.
Хира–хира афту андоми ӯро ҳам ба ёд овард. Марди тануманде, бо китфу бозуе, ришсиёҳе, чашмкалоне, барқнигоҳе... «Вай чӣ тавр ҷасурона ба миёни роҳ баромад, чӣ тавр ба навкарон муқовамат кард, ки чанд нафари онҳо вайро боздошта натавонистанд–а! Бо ман далерона, бе таъзиму тавозӯъ гап зада буд... Ана акнун вай пешвои шӯриш, сари саркашҳо, ёғию тоғиҳо, душмани хавфнок!
Чӣ ҷойи тааҷҷуб! Бек як дастаи дуздон, қотилон мегӯяд, дурӯғ мегӯяд. Ва медонад, ки дурӯғ гуфтанаш ба ман маълум аст. Ҷосусонам ба ман: Восеъ дар саросари дараҳо ҷамъи фуқаро ва тамоми авомунносро ба шӯришу исён хезондааст, гуфта менависанд. Мингбошӣ бо панҷоҳ сарбози мусаллаҳ ин қадар вақт аз дунболи як дастаи дуздону қотилон намегардад! Воқеа калонтар ва хавфноктар аз он аст, ки бек ба қалам медиҳад». Аммо Остонақул ин андешаҳои худро ба ҳарифаш изҳор накард. Ҷавоби Мирзоакрамбой ба саволи баъдинаи ӯ: «Чаро ба таъқиб ва боздошти Восеъ сарбозони худат, саркардаат Давлат қаравулбегиро набаровардӣ?» – ҷавоби бек ба ин савол фикри Остонақулро дар бораи вусъати шӯриш тасдиқ карданд:
– Қалъа ва шаҳри Балҷувонро бе сарбоз мондан, дарвоқеъ, бехатар набуд, тақсир, – гуфт бек. – Гирду атроф аз мардуми балвогар, дузд, қотил, роҳзан холӣ нест.
Андешамандам, ки мабодо онҳо «хонаро хилват ёфта»
ҳуҷум оваранд, даст ба қатлу ғорат зананд.
Пешхизматон ба хайма кабоб ва нон оварданд. Дақиқае чанд дар сари таом ба хомӯшӣ гузашт. Баъд Мирзоакрамбой риштаи буридашудаи суханро пайванд карда, бо лабханди тамасхуромез нақл намуд, ки Восеъ аз мингбошӣ гурехта дара ба дара ва деҳа ба деҳа гашта, ба мардум мегуфтааст, ки таёқҳои дарозу маҳкам таҳия кунанд ва шабҳо ба кӯҳи Сурсақова чашм дӯзанд: ҳар гоҳ, ки дар тори он кӯҳ гулхан диданд, таёқҳоро бардошта, баромада дар он ҷо ҳозир шаванд, вай онҳоро ба болои Балҷувон мебарад, Балҷувонро мегирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо