АХТАРОНИ АДАБ

– Во аҷабо! – хандид бек. – Дағдағаи ин дузд, ин қотилро бинед, ки мехоҳад ба таёқ қалъаи Балҷувонро зада гирад!
Бек боз изҳори умедворӣ карда ва ба қушбегӣ боварӣ дод, ки Худо хоҳад вай ба зудӣ оташи фитнаю фасодро бо дами шамшери Кулӯх мингбошии далер фурӯ хоҳад нишод...
Дар ин дам маҳрами қушбегӣ даромада сухани бекро қатъ кард:
– Аз Балҷувон чопар омадааст, ба ҷаноби бек гап дорам мегӯям.
Ба хайма як нафар даҳбошии лаванди шофбурути сурхчашми чанголуд дохил шуд. Вай ба Мирзоакрамбой шинос буд, як ҳафта пеш вайро бо шаш сарбоз ба дастаи Кулӯх мингбошӣ ҳамроҳ карда фиристода буд.
– Ҷаноби бек, мо дина шаб дар болои Чорбоғ қати Восеъ ҷанг хӯрдем, – дар пойгаҳ истода бо ҷуссаи калонаш рӯшноиро панаҳ карда ба арз расонд даҳбошӣ, – шӯришгарон бисёр буданд, мо кам. Мингбошӣ кушта шуданд...
Маро Давлат қаравулбегӣ фиристонданд, «ҷаноби бекро дар Норак меёбӣ» гуфтанд.
Бек аз гӯянда чашм наканда дасташро ба дастархон беихтиёрона молида пок кард – хӯрок дигар аз гулӯи ӯ намегузашт. Дар ҷойи нишастааш шах шуда монд.
– Восеъ чӣ, Восеъ? Вайро даст гирифтед, нест кардед ё не? – боз ба забон омада қариб фарёд кашид мирохӯри ҳоким.
– Мо... кам будем, душман бисёр... – бо забони гирифта такрор кард чопар. – Аз мо даҳ–понздаҳ кас маиб шуд ё кушта шуд... Шаб торик буд.
– Ман аз ту Восеъро мепурсам, лаънатӣ, Восеъ чӣ шуд?
Гурехт? Халос шуд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо