АХТАРОНИ АДАБ

ҷамъоварии хироҷу закот то алвақт нуқсоне рӯй надодааст. Бигузор хотири мубораки ҷаноби олӣ ва ҷаноби қушбегӣ осуда бошад: иншоаллоҳ ғуломашон Кулӯх мингбошӣ пагоҳ–фардо Восеъ ва ёронашро дастгир карда ё кушта, оташи фитнаю фасодро ба куллӣ хомӯш хоҳад кард.
– Ин Восеъ худаш кист, аз куҷо? – пурсид Остонақул.
– Одами тагҷоӣ, тақсир. – Бек андак сукут карда, рӯмоли ба миён бастаашро кушода, арақи рӯй ва гарданашро пок кард, зеро хайма агарчи дар сояи дарахт истода бошад ҳам, ҳаво ниҳоят гарм ва дам ки буд, ҳам вай ва ҳам ҳарифаш арақшор гашта буданд. – Як нафар ҷувозкаш будааст. Аз деҳаи Дараи Мухтор. Бадбахтро ман мешинохтам: порсол, вақте ки ман аз Қубодиён ба Бухоро мерафтам, вай ҳам ба коре ба Шаҳрисабз сафарӣ будааст, ман вайро ба саисӣ киро карда будам.
– Ба Шаҳрисабз бо чӣ коре мерафт?
– Бародараш дар он ҷо бо чӣ гуноҳе ба зиндон ғалтида будааст, лаънатӣ барои аз вай хабар гирифтан рафта истода будааст.
Остонақул як лаҳза аз тасбеҳгардонӣ боз истода ба пойгаҳ чашм дӯхт. Вай чизеро ба хотир меовард.
– Он кадом вақт буд? Баҳор буд?
– Бале, тақсир, порина дар охири баҳор.
«Оё ин ҳамон кӯҳистонии мӯкипӯше нест, ки дар Қаршӣ бо он ҷасорату густохӣ маро аз роҳ боздошта аз ҳабси бародараш шикоят карда буд?» – ба дил гузаронд Остонақул. Вай боз ба Мирзоакрамбой рӯй овард:
– Бо шумо то куҷо рафта буд?
– То Қаршӣ, тақсир. Дар он ҷо ман вайро ҷавоб дода будам. Дар ин вақт шумо ҳам ба хизмати ҷаноби олӣ аз Шаҳрисабз ба Қаршӣ ташриф фармуда будаед, ин Восеъ хабардор шуда, шуморо дида, аз ваҷҳи бародари зиндонияш арз карданӣ буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо