АХТАРОНИ АДАБ

Зер кунед! Кӯбед!» ҷанговаронашро далер намуда, худро аз нав бо шиддату ҳайбат ба болои тӯдаи шӯришгарон афканда буд, ки ҷанговарони ӯ боз бо тамоми қувват ҳамлаовар шуданд. Аз фишори онҳо шӯришгарони ҷангнокардаву машқнодида кам–кам бо гурӯҳҳои парешон ақиб менишастанд.
Дар ҳамин вақт ба ногоҳ дар пушти сари сарбозон ҳаёҳуе баланд гардид, баъд як гурӯҳ саворони таёқдор пайдо шуда ба сарбозон аз ақиб ҳамлаи шадиде намуданд.
Инҳо саворони Абдуқодири шаҳид буданд, ки онҳоро Ризо аз ҷониби Чаган ба Мазори Додарак оварда буд.
Аз ақиб зарбаи ногаҳонӣ задани онҳо сарбозонро саросема карда монд. Саворони Восеъ ва Саидалӣ боз далер шуда ба ҳуҷум гузаштанд.
Дар ин асно воқеае рӯй дод, ки ҳам барои сарбозон ва ҳам барои шӯришгарон тамоман ғайри чашмдошт буд.
Нохост дар болои як харсанги калон марди пиёдае пайдо шуда, бо қундоқи милтиқ кашидаву кушода ба сари як нафар савор зад. Савор чаппа шуда аз асп ғалтид. Марди пиёда Юсуфи мерган буд ва савори зарб хӯрда – Кулӯх мингбошӣ. Юсуф яке аз он ду мергане буд, ки Восеъ онҳоро дар шинаки болои дунгӣ нишонда, дар вақти ба дара дохил шудани сарбозон ба болои онҳо тирандозӣ карданро фармуда буд.
Чунонки Юсуф ва шарики ӯ баъди ҷанг ба Восеъ нақл карданд, онҳо дар вақти муайянӣ ҳар қадар кӯшиш кунанд ҳам, на борути туфанги шикорӣ оташ гирифтааст ва на тири милтиқи Бердан: аз афти кор, ба мили туфангҳо регу хок рехта ва ё борут тар шуда будааст. Баъд мерганҳо аз дунгӣ фуромада дар паси пуштаҳо ва харсангҳо пинҳон шуда – пинҳон шуда (то ки дар таги пойи аспҳо намонанд!), худашонро ба наздики мазор – ба ҷойи ҷанг мерасонанд. Чун фурсати мусоиде даст медиҳад, Юсуф аз болои харсанг ба мингбошӣ зарбаи ҳалокатовар мезанад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо