АХТАРОНИ АДАБ

Худаш ҳам шамшер ба даст пешопеши сарбозонаш асп меронд.
Дар болои дастаи Восеъ хатари ҳалокатангезе қоим гардид, ин ба Восеъ аён буд. Инчунин ӯ ҳис кард, ки тарсу ҳаросе чун мори сиёҳ ба байни одамонаш хазида истодааст. Ӯ донист, чораи ягона – ба ҳар чӣ бодо бод аз камин ҷаҳидан, худро ба болои душмани ҳамлаовар афкандан аст.
Сарбозон ба шакли нимҳалқа пеш омада, бо печонда гирифтани дарахтзор таҳдид намуда, як чил–панҷоҳ қадам наздик омада буданд, ки Восеи савор аз ҷой ҷаста ба одамонаш фарёд зад:
– Ғазот, ёрон! Хуни манғит ба мо ҳалол!
Чил савори таёқдор бо ҳаёҳу аз дарахтзори торик зада баромаданд, ҳама дар як он бо сарбозон омехтанд. Занозании тан ба тан ба вуқӯъ пайваст. Чакочаки таёқҳои дароз ва шофу шамшерҳои кӯтоҳ, тапар–тапар ва шиҳаи асабонии аспон хомӯшии дараро тарконда партофт. Дар як дам аз ҳар ду тараф чандин савор аз зинҳо чаппа шуданд.
Саидалӣ бо шунидани нидои Восеъ фавран бо саворонаш аз шинак ҷаҳида чорхез ба сӯйи мазор шитофт.
Дар миёнҷойи дара сарбозони дар паси пушта гузоштаи мингбошӣ ба онҳо аз туфангҳои худ рӯ ба рӯ оташ кушоданд. Чанде аз шӯришгарон тир хӯрда аз сари зинҳо париданд, бо вуҷуди ин Саидалӣ наистода ба болои тирандозон тохта, онҳоро пахш карда, ду–се нафарашонро бо шамшер ва таёқҳо зада ғалтонда пеш рафт.
Одамони Восеъ ва сарбозони Кулӯх мингбошӣ тӯда– тӯда дар чандин ҷой саргарми задухӯрд буданд. Худи Восеъ бо мингбошӣ шамшерзанӣ мекард.
Бо расидани дастаи Саидалӣ шӯришгарон қувват гирифта ба душман аз нав ҳуҷуми тезу тунд карданд, ҳатто сарбозонро ба танг оварданд, аммо мингбошӣ аз Восеъ ҷудо шуда, майдонро дартоз давр зада бо нидоҳои «Суст набиёед!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо