Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баъди якчанд дақиқа чор савори пешгарди Кулӯх мингбошӣ аз роҳи байни талҳо баромада ба дара дохил гардиданд.
Саидалӣ аз шинаки худ онҳоро дида меистод.
Онҳо гузашта рафтанд.
Фурсате баъд ба дара дастаи асосии сарбозон ворид шуд. Пешопеши сафи онҳо, дар қафои мингбошӣ, ду савор сарҳои ба нӯги чӯбҳо халондашудаи ду шӯришгари шаҳидро бардошта меомаданд. Саидалӣ ва одамони ӯ донистанд, ки инҳо сари буридаи қурбонҳои навбатии мингбошӣ мебошанд, лекин ҳоло аз они кӣ будани он сарҳоро намедонистанд.
Саидалӣ гӯш ба қимор шуда, бо дили тапон мунтазири садои тир гардид. Аммо мерганҳои Восеъ хомӯш буданд.
Мингбошӣ бо дастаи худ пеш рафт, як дусад қадам дур шуд, аммо ҳанӯз «бонги ҳуҷум» шунида намешуд. Саидалӣ бетоқат гардид, намедонист чӣ кор кунад. Душман сония ба сония аз вай дур мерафт.
Дар ҳамин вақт ногаҳон яке аз аспҳои дастаи Саидалӣ хоинона шиҳа кашида, пардаи асрори шабро пора кард.
Дар ҷавоби вай аз камингоҳи Восеъ – аз дарахтзори сари мазор ҳам шиҳаи баланди аспе ҷарангос зад.
Сарбозон якбора ба хавотир афтода аз роҳ бозистоданд.
Гӯш андохтанд. Дар ин дам онҳо ба наздикии мазор расида буданд, онҳоро аз камингоҳи Восеъ ягон сад қадам масофа ҷудо мекарду халос.
Восеъ аз хомӯшии мерганҳои сари дунгӣ ва аз беҳаракатии Саидалӣ ниҳоят ошуфтахотир ва музтарибҳол буд.
Бо як навъ хавфу ҳароси қалбӣ фикр мекард, ки мабодо мерганҳо ва Саидалӣ тарсида ё ҳатто гурехта бошанд! Ва инчунин хаёли хурофотие ба сараш меомад, ки: боз Кулӯх мингбошӣ одамони вайро сеҳру ҷоду накарда бошад?..
Мингбошӣ зуд панҷ–шаш нафар сарбози худро дар паси пуштаи қади роҳ ҷой кард. Сипас гурӯҳи асосии саворонашро ду қатор ба бар саф кашонда, шофу шамшерҳошонро бараҳна кунонда, онҳоро бо эҳтиёт ба тарафи дарахтзор ҳаракат дод.

пешина
аз 471
навбатӣ