Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сарбозон баъди ҳалок шудани саркардаашон ба ҳамлаи тунди шӯришгарон, ки ба шумора ду баробар зиёд буданд, тоб наёварда ҳазимат карданд. Кушташудагон ва захмдорони онҳо дар болои сангу пуштаҳои дара монданд. Саворони Восеъ ва Саидалӣ душмани ҳазиматкардаро то поёни деҳаи Чорбоғ таъқиб намуда ақиб гаштанд. Онҳо дар майдони ҷанг аслиҳа ва аспҳои шонздаҳ нафар сарбози захмӣ ва кушташударо, аз он ҷумла аспи мингбоширо ғанимат гирифтанд.
Қурбонҳои худро шумурданд, маълум шуд, ки сенздаҳ нафар шӯришгар ҳалок ва понздаҳ нафар захмдор шуда будаанд...

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Амирони Бухоро дар кишвари маҳкуми худ турфа қоидаҳое муқаррар карда буданд. Аз ин қоидаҳо яке он буд, ки ҳокимони вилоятҳо бе рухсати амир ҳақ надоштанд, аз қаламрави худ берун бароянд. Ҳокиме бо ҳокими ҳамсоя дар мавриди зарурӣ ҳам мулоқот карда наметавонист.
Амир бо ин тариқ аз эҳтимоли забон як кардан ва иттифоқ бастани ҳокимон бар зидди худаш пешгирӣ карданӣ мешуд. Аз ин қоида ҳокими Ҳисор Остонақул қушбегӣ ҳам мустасно набуд, агарчи вай сари мирон ё худ бекҳои Бухорои Шарқӣ ҳисоб меёфт.
Ва ҳол он ки боздид кардани ӯ бо мири Балҷувон Мирзоакрами мирохӯр ниҳоят зарур буд. Ин заруратро воқеаҳои дар қаламрави худи қушбегӣ рӯй додаистода пеш оварда буданд. Хабари шӯриши фуқарои Балҷувон дар атрофу акноф овоза ва номи Восеъ вирди забонҳо мегардид.
«Дар Ховалинг деҳқонон закотчии амирро куштаанд, хироҷу закот намедиҳем гуфта, қиём кардаанд, сардорашон Восеъ ном як марди баҳодур будааст, ҳоким бо вай ҳеҷ коре карда наметавонистааст».

пешина
аз 471
навбатӣ