АХТАРОНИ АДАБ

– Ман аз ту напурсидам, ки ӯро нағз мебинӣ ё бад, – гуфт Восеъ ва амр кард: – Ман мегӯям, оштӣ кун. Даст деҳ ба вай!
Қосим ноилоҷ ба Ризо даст дод, дуяшон ба якдигар нигоҳ накарда дилсардона дастфишорӣ намуданд.
Чӯпонҳо бо Ризо дареғу афсӯс гӯён хайрбод карданд.
Онҳо ба вай унс гирифта ба рафоқату улфатиаш одат карда буданд, намехостанд аз вай ҷудо шаванд.
Ризо ба паси яке аз ёрони Восеъ савор шуда, ҳамроҳи онон равон гардид.
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Онҳо Саидалиро дар қарибии деҳи Ҳорма, воқеъ дар дуюним фарсангии шимоли Балҷувон ба соҳили рости Сурхоб пайдо карданд. Вақти пешин буд, дастаи Саидалӣ дар як адири ниҳон ба тутзоре ҷой гирифта истироҳат мекард. Дар баландиҳо дидбонон истода буданд. Дар алангаи гулханҳо гӯшти гӯсфандони кушташуда кабоб карда мешуд, ки бӯйи иштиҳокушои он ба димоғҳо мезад.
Салом–алеки пурҳаёҳу, вохӯрдани бағалкаш, пурсупосҳои гарм ба вуқӯъ пайваст. Аспонро ба дарахту буттаҳо қантар карданд, мизбонон ба обу алафи онҳо мутасаддӣ шуданд. Сардори даста Восеъро ба чодири худ бурд, чодири вай аз палос ва намади ба шохи тут овехташуда иборат буда, ба заминаш барои нишастан намадпораи дигареро андохта буданд. Барои дуяшон якто сони гӯсфанди кабобшударо оварданд. Саидалӣ саллаашро дастархон сохта гӯштро пора кард. Одамони онҳо дар сояҳо ва рӯйи сангҳо секасӣ–чоркасӣ нишаста гӯштхӯрӣ мекарданд. Ҳазлу шӯхӣ, хандаҳои қох–қоҳи онҳо дар «чодир»
шунида мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо