Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Корҳо чӣ тавр? – пурсид Восеъ.
– Соз, – гуфт Саидалӣ. – Ҳамаи қишлоқҳои қади Сурхоб, атрофи Чаган, Судараи хурд, Судараи калон, дараи Раҷабфақирро гаштам, аз ҳар қишлоқ дуборӣ–себорӣ гузаштам. Халқон ба шӯриш тайёранд, ҳама: «аломати Восеъ чӣ бошад, кай пайдо мешуда бошад?» гуфта, шабҳо аз Сурсақова чашм намекананд.
– Аз Балҷувон чӣ хабар?
– Чӣ хабаре, ки бошад, худат медонӣ, акаи Восеъ.
– Ту ба Балҷувон аз ману Назир наздиктарӣ, ҳар хабари нав ба ту барвақттар мерасад. Ту дар он ҷо одам надорӣ?
– Чӣ хел одам?
– Хабаркаш.
– Хабаркаш чӣ лозим? Деҳқононе, ки аз бозори Балҷувон бармегарданд, ба ман хабарҳои даркориро расонда меистанд.
– Хӯш, онҳо ба ту чӣ хабарҳо расонданд?
– Ҳоким сарбозонашро дар сарбозхона ғун карда нигоҳ медоштааст, ҳеҷ якашро аз сарбозхона дур шудан намемондааст; Давлат қаравулбегӣ ҳар рӯз онҳоро дар пойи қалъа машқ медодааст.
– Боз?
– Ҳоким имрӯзҳо ба боғаш набаромада, доим дар қалъа меистодааст. Оллоёр, дигар калонони лақайҳо ба қалъа бисёр даро–баро мекардаанд. Эҳтимол, ҳоким бо ваъдаи амалу мансаб онҳоро ба болои мо андохтанӣ бошад.
– «Эҳтимол» мегӯйӣ, аниқашро намедонӣ?
– Чӣ хел донам, акаи Восеъ? Донистан мушкил.
– Аз Кулӯх мингбошӣ чӣ хабар?
– Мингбошӣ парерӯз ба ин тараф баромада буд, як даҳмардаи чорбоғӣ ба ман пешакӣ хабар дод, ман ба тарафи Дошмандӣ рафтам; ҳормагиҳо ба ӯ гуфтаанд, ки «Саидалӣ ба тарафи Арзаниён гурехт». Мингбошӣ то Арзаниён рафта, сарсон шуда, шаб ба Чорбоғ баргаштааст.
– Вай ҳар шаб ба Чорбоғ омада хоб мекунад?

пешина
аз 471
навбатӣ