Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Дар ҷавонӣ ин хел корҳо мешавад, – боз илова кард ӯ ва дасташро ба Ризо дароз карда гуфт: – Магар бо ман вохӯрдӣ кардан намехоҳӣ? Дастатро деҳ!
Ризо ҳамоно ҷуръати ба рӯйи Восеъ нигаристан накарда, бо ҳар ду дасташ дасти ӯро гирифт.
Яке аз ёрони Восеъ пурсид:
– Чӣ гап гузашта буд, акаи Восеъ? Чаро ин бача аз ту шарм карда рӯяшро мепӯшонад?
Восеъ ба тарафи Қосим як нигоҳ карду гуфт:
– Ман инро писархонди худ карда будам, ин дар набудани ман бо Қосим ҷанг карда, аз хонаи ман баромада рафтааст.
Ризо назар ба вақте ки ба хонаи Восеъ омада буд, боз рушд карда, дар лабу рӯяш майсаи балоғат дамида буд, солиму бардам менамуд, аз зери куртаи чиркинаш тани бақувват, китфу бозуи сиёҳчатоби неруманди вай аён шуда меистод. Аз пурсишу посух маълум шуд, ки вай бо чӯпону подабонҳо ошно ва намакхора шуда, ҳамроҳашон мегаштааст.
– Бо ман меравӣ? – пурсид Восеъ аз ӯ.
Ризо даррав ба аломати розигӣ сар ҷунбонид. Чашмони сиёҳаш барқ заданд. Намоён буд, ки вай аз ин таклифи Восеъ хурсанд аст.
Қосим қавоқашро андохта дар канортар нишаста буд ва ба Восеъ нигоҳҳои нохушнудонаву сарзанишомез меафканд. Маълум буд, ки вай муомилаи хуши бародарашро бо Ризо намеписандад. Восеъ ӯро ҷеғ зад:
– Қосим ин ҷо биё!
Вай хоҳам–нохоҳам хеста омад.
– Дуятон оштӣ кунед, – Ризоро нишон дода фармуд Восеъ. – Даст диҳед ба якдигар.
– Ман намехоҳам, ӯро бад мебинам, – гуфта, Қосим рӯяшро чаппа кард.

пешина
аз 471
навбатӣ