Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мингбошӣ барои таскини бек гоҳу бегоҳ дар қишлоқҳои тороҷ ва харобкардааш чанде аз деҳқонон ё чӯпонҳои ба тарафдории Восеъ гумонбаршударо даст гирифта, баста ба Балҷувон равона мекард.
Ба дарунтари кӯҳистон рафтан хатарнок буд, бинобар ин вай дар деҳоту дараҳои наздики Балҷувон тохтутоз менамуд.
Восеъ фикр мекард, ки чӣ тавр ба Кулӯх мингбошӣ зарбае занад.
Вай ба воситаи аҳолӣ донист, ки мингбошӣ рӯзҳоро дар такопӯи душманкобӣ ба шаб меоварад ва шабҳо ба деҳаи Чорбоғ рафта хоб мекунад.
Шаб Восеъ бо саворони худ аз Мазори Султон ба Сурсақова рафта хоб кард. Вай дар сараш нақшаеро пазонда, саворонашро пеш аз бомдод ба по хезонд. Чилу се нафар савор бо сардории ӯ ба тарафи Сурхоб – ба назди Саидалӣ равона шуданд.


Дар яке аз адирҳои сари роҳ Восеъ ба чӯпонҳо ва подабонҳо вохӯрд. Онҳо дар сари чашма нишаста нону талқон тановул мекарданд. Саворон барои дам гирифтан аз аспҳо пиёда шуданд. Восеъ ба ногоҳ дар байни чӯпонҳо Ризоро дида монд. Ризо вайро дидан замон рӯяшро бо кафи дастҳояш пинҳон кард. Восеъ фаҳмид, ки ӯ аз шарм ин тавр мекунад.
– Ризо, ин туӣ? – тааҷҷуб кард Восеъ.
Ризо ба ҷойи ҷавоб додан сари хамашро боз хамтар кард.
Чӯпонҳо ва одамони Восеъ ҳайрон шуданд.
– Ҳеҷ гап не, Ризо, – ҷиддиёна гуфт Восеъ.
Шояд ӯ дар ин лаҳза чӣ гуна ба Аноргул ошиқ шудани худашро ба ёд оварда буд...

пешина
аз 471
навбатӣ