АХТАРОНИ АДАБ

Дар ин давраи тайёрии шӯриши халқӣ Восеъ намехост, ки лашкараш зиёд бошад, зеро бо гурӯҳи калони саворон деҳа ба деҳа гаштан гаронӣ мекард ва инчунин аз ваҷҳи озуқа, ҷаву беда ҳам нобоб буд, аммо бо вуҷуди ин лашкари вай рӯз то рӯз зиёд мегардид: дар ҳар қишлоқ ба вай саворони нав ҳамроҳ шуда, бо ихтиёри худашон аз ақиби вай рафтан мегирифтанд. Бо ин тариқ, саворони ӯ дар якчанд рӯз ба зиёда аз саду панҷоҳ нафар расид.
Он гоҳ Восеъ саворонашро ба се даста тақсим кард. Аз ин тақсимот мақсади аввал дастаҳоро хурдтар ва чобуктар кардан бошад, мақсади дигар – шӯришро васеъ карда ба миқёси калонтар паҳн намудан буд. Сардорони дастаҳо худаш, Назир–паҳлавон ва Саидалӣ буданд. Дастаи худаш дар деҳоти атрофи Ховалинг, Назир дар Сарихосор ва Ёхсу, Саидалӣ дар шимолтари Балҷувон – дар деҳоти қади Сурхоб, наҳри Хоҷа Маҳшар ва кӯҳи Чаган амал мекарданд.
Ин ҳол кори Кулӯх мингбоширо душвортар гардонид.
Дар шароите, ки аҳолӣ ба ӯ душман, дараҳо хавфнок буданд, ӯ намедонист аз пайи кадом дастаи шӯришгарон гардад. Душмании кӯҳистониёнро мингбошӣ рӯз то рӯз зиёдтар ҳис мекард: онҳо ӯро на фақат дар таъқиби дастаҳои саворони Восеъ чапғалат медоданд, ба гумроҳӣ меандохтанд, балки инчунин дар тангноҳо ва газаҳо (гузаргоҳҳои кӯҳӣ) деҳқонони гуреза ё чӯпонҳо нохост аз боло ба сари сарбозони ӯ санг мерехтанд. Ин навъ сангрезиҳо якчанд нафар сарбози мингбоширо маиб карда аз кор бароварда буданд.
Бек умедвор буд, ки Кулӯх мингбошӣ Восеъро ба зудӣ зинда ё мурда дастгир хоҳад кард, аммо як ҳафта боз кори мингбошӣ рангу рӯе намегирифт, Восеъ ба даст намеафтид ва шӯру балвои деҳқонон фурӯ наменишаст. Бек қарору оромро аз даст дода, ҳар рӯз ба назди мингбошӣ чопар фиристода ӯро ба шитоб меандохт, мепурсид – чаро вай то ҳанӯз ёғиҳоро нест карда наметавонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо