Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар байни аҳолӣ дар бораи Восеъ таронаҳо, достонҳо пайдо шуданд. Худи ӯ дар деҳоти кӯҳистон ин таронаҳоро шунида ҳайрон мешуд. Гӯянда ва сарояндагон ӯро Восеи баҳодур ном ниҳода, корномаҳояшро ба риштаи назм кашида буданд. Дар ҷумлаи ин корномаҳо: гурезондани Восеъ дар овони ҷавонӣ андозчинони мири Қаротегинро аз Норинҷ, қиссаи ба занӣ гирифтани ӯ духтари Наимшоҳи дарвозиро, панҷа андохтанаш ба доруғаи шӯрапушти муштзан, халос карда оварданаш бародархондаи худ Назир–паҳлавонро аз асорати ғарибӣ низ ёдоварӣ карда мешуд. Ром кардани Восеъ «бо мадади Хоҷаи Хизр» аспи ёбоии лақаиро, банд кардани вай ҳокимро бо сухани далерона дар таги қалъаи Балҷувон ва ниҳоят ҳуҷуми баҳодуронааш ба болои ҳокиму закотчии амир дар Ховалинг, – ҳамаи инро гӯяндагон ва ҳофизон бо як илҳому ифтихори ҷӯшоне тараннум менамуданд.
Дар деҳаи Леҷан, баъд аз хитобати Восеъ ба халқ ҳофизе думбураашро навохта суруде оғоз кард, мазмуни суруди ӯ ин буд: як вақтҳо дар кӯҳистон баҳодуроне буданд, ки дар сахтӣ ва мусибатҳо ба майдон баромада, халқи худро аз ғосибон, зӯроварон, ғоратгарон муҳофизат мекарданд, аммо баъд аз истилои манғит он баҳодурон мурда, ё пир шуда, ба гӯшаю канорҳо хазида, кам–кам аз байн рафтанд, аммо акнун боз баҳодурони нав баромаданд, ки сарвари онҳо – баҳодури баҳодурон Восеъ аст...
Суруди ҳофиз нақароти дилошӯб ва шуҷоатбахше дошт, ки ин буд:

Восеъ, ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз.
Ғавғои рӯзи машҳар,
Бар фуқарост имрӯз.

пешина
аз 471
навбатӣ