АХТАРОНИ АДАБ

Кулӯх мингбошӣ оқсақоли тоифаи марқа буд, дар Қизилмазор мезист, бо фармони бекҳои Балҷувон, Кӯлоб, Қубодиён якчанд бор ба болои дастаҳои дуздону роҳзанон баромада, онҳоро дастгир ва торумор карда ном бароварда буд. Ба илова, ӯ бо марқаҳояш аз ваҷҳи ин ки Мирзоакрами ҳоким ба ҷойи рамаҳои ғоратшудаи марқаҳо ҳазор сар гӯсфанди лақайҳоро ба онон гирифта дода буд, аз вай розӣ ва хушнуд буданд, бинобар ин бек меандешид, ки мингбошӣ бояд хизмати ӯро бо ҷону дил баҷо оварад.
Баъди ду рӯз мингбошии «дуздгир» бо даъвати бек аз Қизилмазор дар сари бист нафар йигити савори худ ҳозир гардид. Бек ба вай боз даҳ сарбоз ва яроқ дод. Мингбошӣ бо сӣ навкару сарбози яккачин ба тарафи Ховалинг, Сарихосор, Ёхсу ба болои «душманони ҷаноби олӣ» саворӣ намуд...
Восеъ бо дастаи саворони худ, ки дар байни онҳо Назир, Саидалӣ ва Нозим ҳам буданд, деҳа ба деҳа мегашт.
Вай шабу рӯз беист ҳаракат карда, ҳар рӯзе дар панҷ–шаш деҳа фуромада халқро ба қиём ва ғазот даъват менамуд.
Фақирони шӯрида ғалла ва чорпойи бойҳо, амину арбобҳоро мусодира карда, дар байни худашон тақсим менамуданд.
Ҳар гоҳ, ки дар ягон деҳа Кулӯх мингбошӣ пайдо мегардид, фақирон ба кӯҳҳо гурехта пинҳон мешуданд.
Мингбошӣ ҳам Восеъро беист таъқиб мекард. Аммо ӯро дастгир кардан басе душвор ва ҳатто номумкин буд, зеро мингбошӣ аз аҳолӣ Восеъро пурсуков, ки мекард, деҳқонҳо, чӯпонҳо, ҳезумкашҳо ӯро бар дурӯғ ба тарафе равона мекарданду худашон фавран Восеъро огоҳ менамуданд.
Ҳамин тарз, Восеъ ба воситаи онҳо таъқибкунандагони худро ба осонӣ чапғалат дода, дастаи худро ба дарае, кӯҳе, адире мекашид, ки Кулӯх мингбошӣ агар пару бол бароварда парвоз ҳам мекард, ба вай расида наметавонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо