АХТАРОНИ АДАБ

ҳозир барои таъқиб ва банду заҷри онҳо ба ҷойи Давлат– қаравулбегӣ ягон одами номаълумтарро бароред, тақсир.
– Чаро?
– Қаравулбегии шумо саркардаи лашкариён аст, агар вай бо лашкариён ба болои ёғиҳо барояд, ҷаноби олӣ ва дигар аҳли доруламора гумон карданашон мумкин, ки дар қаламрави шумо фитна ва шӯриши калоне рӯй додааст.
Оқибаташ барои шумо хуб намешавад. Шумо ин корро ба ягон ғуломи даргоҳатон ё ба ягон арбобу оқсақоли шуҷоъ фармоед, балвогаронро оҳистакак, бе шӯру ғавғо дастгир кунанд, ки «бӯяш набарояд». Бо ҳамин, фитнаю балво ҳам худ ба худӣ фурӯ нишаста, фуқаро ором мешаванд. Дар он вақт номаи ба Бухоро ва Ҳисор мефиристодагиатон ҳам рост мебарояд, ки шумо дар он нома ҳамаи воқеаро ба фитнаи чор–панҷ нафар ҳаромиёни бебок ҳамл карда, «қотилони закотчиро дастгир кардам» гуфта менависед.
Вассалом, ҷон халос. Агар амри олӣ содир шавад, ки он қотилонро ба Бухоро фиристед, мефиристед, вагарна дар худи ҳамин ҷо онҳоро хоҳ мусла кунед, хоҳ сар буред, овезед, ихтиёратон.
Аз ин суханони Ҳоҷидомулло дили ошуфтаи Мирзои Қорӣ дар ҳақиқат андаке таскин ёфт. Маслиҳати ӯ ба бек хеле оқилона намуд. «Нағз кардам, ки ӯро ҷеғ задам» – мамнунона ба дилаш гузаронд бек.
Дуяшон дар бораи номзади шахсе, ки бояд Восеъро таъқиб ва дастгир намояд, хеле фикр ронданд, номҳои чандин оқсақол, тӯқсабо, қаравулбегиҳоро баршумурданд, ниҳоят интихобашон ба номзади Саидқул мингбошии мулаққаб ба Кесак қарор гирифт. Чун ба мингбошӣ навкару хизматгоронаш ҳама гаранг ва лаванд менамуданд, вай онҳоро одатан «Ҳой, кесак!», яъне кулӯх гуфта ҷеғ мезад, бинобар ин мардум лақабашро ба ҳамин калима насб карда буданд. Тоҷикон ин лақабро ба забони худ тарҷима карда Кулӯх мегуфтанд, чунонки чандин исм ва лақабҳои дигарро, масалан лақаби мири собиқи Кӯлоб Сариғхон (Сарихон)–ро ҳам тарҷима карда Мири зард номида буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо