Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Санге, ки закотчии амир ба сараш хӯрд, кушанда омад.
Дар қалъачаи амлокдори Ховалинг вай баъд аз соате ҷон дод.
Бек бе ин ҳам аз фирори тарсувор ва нангини худ дар воқеаи Ховалинг хиҷил буд, акнун марги закотчӣ ӯро тамом бесаришта карда монд. Вай аз ҳуҷуми ногаҳонии Восеъ он қадар натарсида буд, ки аз кушта шудани закотчӣ тарсид: амир сабаби қатли ӯро хоҳад пурсид, ба вай чӣ ҷавоб бояд дод? Ин савол майнаи Мирзоакрамбойро пармавор мешикофт, дилашро мефушурд. Баъд аз гӯронидани закотчӣ бек ба амлокдори Ховалинг дарафтода:
– Ту айбдор, ту! Ту маро аз будани дуздон, қотилон хабардор накардӣ! – гуфта, бехудона ба гулӯи ӯ чанг андохт. Агар амалдорони дигар ӯро боз намедоштанд, яқинан амлокдорро хафа карда мекушт.
Вай бегоҳии дер саворӣ намуда, роҳи чорсоатаро беист тай карда, нисфишабӣ ба Балҷувон расид. Дар тамоми роҳ хомӯш буд, бо ҳамроҳонаш як даҳан ҳам гап назад.
Дар Балҷувон ба қалъа надаромада; аз мазор гузашта, ҷилави аспашро ба чап тофт. Дар болои мазор бар рӯйи кӯтали баланди Баймуш мирони Балҷувон чорбоғ ва кӯшки тобистонӣ доштанд, бек ба ҳамон ҷо баромад. Дар ин фасли сол оилаи ӯ дар ҳамон кӯшк мезист... Ҳамроҳонаш ӯро то дарвозаи чорбоғ гусел карданд, аммо чун дар он ҷо ҳокими ҳамоно хомӯш онҳоро ба даромадан таклиф накард, ақиб гашта, ба шаҳр фуромада хона ба хонаҳояшон пароканда гардиданд.
Бек ба ҳарамсарои худ надаромада, дар меҳмонхонааш таваққуф кард. Ниёз чароғ ба даст пайдо шуда салом кард, бек дар ҷавоби саломаш «гум шав!» гуфта наҳиб карда буд, ки вай чароғро саросема дар тоқча гузошта бадар рафт. Чун бедимоғии хоҷа ба хизматгорон ва қаровулон маълум гардид, дигар ҳеҷ кас ҷуръати ба назди ӯ даромадан накард.

пешина
аз 471
навбатӣ